Ҳафтаи сипаригардида дар назди бинои сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон тибқи нақшаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифахои озод баргузор гардид, ки дар он аз тарафи сохторҳои дар ноҳия фаъолиятдошта вакансияи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ва аз тарафи ширкатҳои сохтмонии ТГЭМ ҷойҳои корӣ дар НБО «Роғун» ва «Себзор», ширкатҳои роҳсозӣ дар шоҳроҳи қитъаи Ванҷ -Рушон, зиёда аз 140 ҷойҳои корӣ, пешниҳод гардиданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар ин ярмарка барои сокинони ноҳия, ки хоҳиши кӯчидан ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ба ноҳияи Хуросон ҳамчун муҳоҷирони дохилӣ, пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар байни иштирокдорон корҳои тарғиботӣ оид ба конунгузории давлатҳои муҳоҷирпазир, пешгирӣ аз гаравиши баъзе шаҳрвандони ноогоҳ, ва хатарҳои мубталошавӣ ба касалиҳои сироятӣ аз қабили ВНМО (СПИД), сил ва ғайра, гузаронида шуда ба иштирокдорон зиёда аз 90 дона варақаҳо оид ба терроризм-экстремизм ва дигар проблемаҳои муҳоҷирати бурунмарзӣ тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шуғнон