Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад.
Қобили қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби масъулин ба воситаи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо бахусус ҷойҳои серодам корҳои иттилоотӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва ҶСК НБО «Роғун» ба роҳ монда шудааст.
Дар ин асно, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» санаи 20-уми октябри соли 2023 дар ноҳияи Варзоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» баргузор намуд, ки теъдоди иштирокчиён 60 нафарро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар лавҳаи ярмарка аз ҷониби 37 ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ 172 вакансия пешниҳод гардида, намояндагони ташкилотҳои мазкур иштирок намуданд.
Дар баробари ин, аз ҷониби ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» воҳидҳои корӣ пешниҳоди корҷӯён гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ярмаркаи мазкур бештар муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони бешуғл, муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо манъ гардидаанд иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории ярмарка ба 26 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуд, ки аз ин шумора 9 нафар ба ҶСК НБО «Роғун» тааллуқ дорад.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар рафти баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён оид ба шарту шароити кор, ихтисосҳо ва музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ба роҳ монда шуд.
Инчунин аз ҷониби масъулин ба иштирокчиёни чорабинӣ ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Аз санҷиши ВНМО гузар», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Мо зидди савдои инсонем» ва «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» дастрас гардонида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъулини соҳа минбаъд низ ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ ва доир намудани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро ҷиҳати ҷалби сокинони бешуғл барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва ҶСК НБО «Роғун» ба роҳ мемонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ мекунад.
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб