Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва бо мақсади муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа дар ноҳияи Қубодиён ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Баҳодурҷон Азиззода ва сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, оид ба паҳлуҳои муҳоҷирати бехатар ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид доданд.
Иштирокчиёни ярмарка ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор хоҳад гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон