24 феврали соли равон бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ якҷоя бо раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар марказӣ шаҳраки Сомониён ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва бо мақсади ҷалби шаҳрвандони ноҳия барои кор дар НБО Роғун баргузор намуданд.
Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират иттиллоъ доданд, дар ярмаркаи мазкур 4 корхона ва ташкилотҳои гуногуни ҷамъияти ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Бояд гуфт, ба ҳозирин аз ноҳия зиёда аз 15 ҷойҳои кории холӣ ва аз шаҳри Роғун 2367 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 150 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳия тавсияҳо барои кор дар НБО Роғун дода шуд, ки дар натиҷа бештари сокинони ноҳия барои фаъолияти меҳнатӣ дар бунёди «НБО Роғун», ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шудааст.
Идиев А., мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ