Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди 200 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод, инчунин 170 адад ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО «Роғун», ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» варакаҳо буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 20 нафар шаҳрвандони бекор дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гаштанд.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмарка рӯзҳои наздик дар назар аст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон