Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холиро баргузор намуданд.
Ба иштирокчиёни чорабинии мазкур 270 ҷойи кории холӣ, инчунин 200 адад ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО «Роғун», пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» варақаҳо буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 11 нафар шаҳрвандони бекор дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия гаштанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен