Шуъбаи Хадамоти Муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 237 адад ҷойҳои кории холӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳот ва ҷойҳои кории холӣ дар НБО Роғун» мавҷуд буда, бо нишондоди музди маош ва касбу ихтисосҳои зарурӣ пешниҳод гардида, маҳсули дасти касбомӯзони ФМД «Маркази таълимии калонсолон Тоҷикистон» манзури иштироккунандагон гардид.
Ҳамчунин ба иштироккунандагон аз ҷониби шуъба буклетҳо оид ба беҳтар намудани вазъи шуғл ва даромади меҳнатии муҳоҷирон тақсим карда шуд.
Дар натиҷа ба 9 нафар роҳхат ба ҷои кор дода шуда, 12 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати касбомузӣ сафарбар гардиданд.
Бояд қайд кард, ки чунин ярмаркаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи омода намуда, баргузор хоҳад шуд
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент