Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

28 октябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз бо Виктор Анатолевич Кокшаров Ректори Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Президенти якуми Федератсияи Россия Б.Н. Елсин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти касбӣ, омода намудани омӯзгорони ҷавон, иштироки хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос, потенсиали кадрӣ, илмӣ – татқиқотӣ, таълимӣ, технологӣ, омода намудани донишҷӯён дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мутобиқ ба самти фаъолияти вазорат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамзамон байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Президенти якуми Федератсияи Россия Б.Н. Елсин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкориҳои муштарак ба имзо расонида шуд.

Қайд бояд кард, ки муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилот, қабули донишҷӯён, касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос дар донишгоҳи мазкур, табудули таҷриба, баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо