Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 январи соли 1967 дар ноҳияи Данғара, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Соли 1987 техникуми Политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси инженер-гидротехник хатм намудааст.

Дар соли 2004 Донишгоҳии Давлатии Тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2017 факултаи юридикии ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.

Солҳои 1987-1989 дар Артиши Шӯравӣ адои хизмати ҳарбӣ намудааст.

Солҳои 1989 – 1995 – коромӯз, усто, сардори сехи истеҳсоли маснуоти пластмассии иттиҳодияи истеҳсолии “Тоҷиктекстилмаш” дар шаҳри Душанбе

Аз 1996-1999. – Муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1999 – Директори КВД “Деҳқон”

Солҳои 2001-2002 – Директори КВД “Шоҳмансур”

Аз 2002 то 2007 – Инспектори калони Инспексияи давлатии меҳнат дар ш.Душанбе.

Солҳои 2007-2014 – Сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Аз соли 2014 то 2015 – Муовини сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 № 311 ӯ Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд

Оиладор. Соҳиби як фарзанд.