Иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ

Тартиби иҷозатномадиҳиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба танзим медарорад. Иҷозатнома (литсензия) иҷозати махсусе мебошад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё  соҳибкори инфиродӣ додааст. Ба маҷмӯи чорабиниҳое иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) гуфта мешавад, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти  иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста  бошад.

Мақоми иҷроияи додани иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ Хадамоти муҳоҷират мебошад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои муқаррарнамудаи Хадамоти муҳоҷиарт шаҳрвандон барои дархости расмии гирифтани иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ номгӯи ҳуҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– мактуби расмӣ ба унвони Сардори Хадамоти муҳоҷират (барои дидани намунаи мактуб инҷоро зер кунед);

– нусхаҳои  шаҳодатнома, РМА(ИНН), иқтибос;

– нусхаи шиносномаи роҳбари муассисаи дархосткунанда;

– фармони таъиноти кадрии ҳуқуқшиноси муассиса;

– рӯйхати таҷҳизотҳо;

– нусхаи дипломи ҳуқуқшинос;

– нусхаи шиносномаи ҳуқуқшинос;

– нусхаи  ҳуҷҷати иҷораи бино;

– рӯйхати кормандон (нусхаи фармон);

– маълумотномаи оморь;

– экспертизаи Хадамоти муҳоҷират;

– оинномаи корхона (тариқи нотариалӣ таъйидшуда);

– расидҳо (240), (600) ____________ сом.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо