Аз эҳтиёт кор бояд гирем

[:tj] 

 

 

Мардонзода Салмон – Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират

 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло ба чандин мушкилоти глобалие мубтало гардидааст, ки баррасии онҳо арзёбии арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои гуногун тақозо менамояд. Вобаста ба ин андеша, агар нигоришҳои матбуотро натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки ҳанӯз дар аввали садаи ХХ бархе аз олимону коршиносон бо дидгоҳи экологӣ пешгӯйӣ намуда буданд, ки дар оғози ҳазорсолаи навин инсоният ба як тоифа мушкилиҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки амсоли он дар таърихи тамаддун беназиранд. Ковид–19 ба ин мисол шуда метавонад. Далел бар ин андеша он аст, ки ин беморӣ дар кӯтоҳтарин муддат бештар аз 200 давлати дунёро фаро гирифт.

Имрӯз вируси онро гарчанд 900 озмоишгоҳои илмию тадқиқотӣ таҳлилу таҳқиқ намоянд ҳам, вале то ҳол нисбат ба он ба ягон хулосаи аниқ наомадаанд. Аз ин ҷиҳат, онро «пандемия» ном мебаранду халос. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешид, ки паҳншавии ин бемориро дар қаламрави кишварамон пешгирӣ намояд. Новобаста аз ин, дар кишвари мо имрӯз ин беморӣ доираи хурдеро фаро гирифта истодааст. Ҳоло аз нигоришҳои матбуоти  илмию даврӣ бармеояд, ки ин бемории нави садаи ХХI буда, шояд ягон фард дар кураи Замин аз вай эмин буда натавонад. Алҳол чунин андеша роиҷ гардида истодааст, ки ин вирус аз байн намеравад,     вале он «худӣ» мешавад. Дар чунин ҳолат,

асосии мутахассисони касбӣ як дараҷа шиддатан паст гардондани сатҳи фарогирии он мебошад. Чӣ бояд кард? Доир ба ин масъала агар матбуоти кишвари хешро дар қиёс бо матбуоти кишварҳои ҳамсоя таҳлилу таҳқиқ намоем, равшан мегардад, ки аз ибтидои ангезиши ин беморӣ то ба ҳол натавонистанд, ки асолати ин вирусро барои ҷомеа баҳри таскин намудани аҳолӣ ба таври возеҳу омиёна баён намояд. Ба инобат нагирифтани мавҷудияти ин омил алҳол боиси ба таҳлука афтидани мардум гашта истодааст, ки он метавонад минбаъд барои кишварамон мушкилоти зиёдеро ба бор орад.

Баъдан, ин беморӣ дар сатҳи илмҳои вирусология, иммунология, микробиология, биологияи молекулавӣ, ситогенетика, ситология, биологияи одам, эмбрология ва ғайра таҳлилу таҳқиқ карда мешавад. Дар Тоҷикистон таъҷилан ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти «Коронавирус» ташкил гардид. Бо дарназардошти масъалаҳо ва пешниҳодҳои ситоди ҷумҳуриявӣ дар ҳар як вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, бахусус дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти  пурзӯр намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани  сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ ситоди дохилидоравӣ ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкили ситод – ин барпо намудани гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии ин беморӣ аз ҳисоби мутахассисони ҳирфавии ин соҳаҳо ба роҳ монда шуд ва ин омили коргузорӣ имкон дод, дар байни аҳолӣ аз пешгирии ин бемории сироятӣ мардумро хабардор намоянд.

Чуноне, ки мо огаҳем, воқеия­ти таҷрибаи рӯзгор собит менамояд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар алоҳидагӣ имкон надорад, ки як дараҷа шиддати паҳншавии ин бемориро дар ҳудуди хеш паст гардонад. Ин омилро Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта, бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба Тоҷикистон  омаданд. Инак, як гурӯҳи  табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи ташрифи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати «Коронавирус» – и нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар табиб ва 25 ҳазор нафар корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 нафар табиб ва зиёда аз 24 ҳазор нафар корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

                                                                          [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо