Ваҳдат – наҷоти миллат ва бақои давлат

Рӯзи 27 июни соли ҷорӣ сокинони кишвар бо қаноатмандии бузург 24 -умин солгарди яке аз санаҳои таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи давлатдории тоҷикон – Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки барои сокинони кишвар арзишмандтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад, ҷашн мегиранд.

Дар санаи 27 июни соли 1997 ба тақдири миллати тоҷик дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расонида шуд ва ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии тоҷикон хотима бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш дар бораи аҳаммияти таърихии ин санаи басо муборак гуфта буданд: «27 июн, бешубҳа, дар таърихи миллати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад».

Дар қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба сулҳу салоҳ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ниҳоят калон дорад. Дар ин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ба савганди сқадоқат ба Ватан ва миллат хӯрдаи худ, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам», «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ман худро ором ҳис намекунам ва лозим шавад барои расидан ба сулҳи сартосарӣ ва ризояти миллӣ ҷони худро фидо менамоям,» дар ваъдааш содиқ монд.

Бале, комёбиҳои миллат ва давлати мо зери сарварии Пешвои муаззами миллат хеле зиёданд. Фаромӯш набояд кард, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ ва тадбиру талошҳояшон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, иттиҳоди миллат таъмин гашт. Масъалаи мазкур муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ кулли орзую омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Баъди ҳазорсолаҳо таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошанд. Агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Зеро дар он ҷангҳои байниҳамдигарии мо хушку тар месӯхт, ба бешазорону манзилҳои истиқоматӣ оташ меафтод, лонаи парандагону пахтазорон дар мегирифт.

Маҳз баъди ба Сарварии давлату ҳукумат омадани Пешвои муаззами миллат табиат ҳам аз нав зинда гашт, дар ҷойҳои сӯхта сабза дамид, гулу гиёҳҳо ҳифз шуданд, пахтазорҳо чаман-чаман ба шукуфтан оғоз карданд, гурезаҳо ба тамом ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, барқароркунии харобаҳои ҷангӣ оғоз шуд, ҳазорҳо гектар боғу майдонҳои дарахтзор бунёд гашта, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳё шуданд. Ободонию дурнамои рушди истеҳсолот дар ҷумҳурӣ босуръат пеш рафт, саноатикунонии кишвар–ҳадафи чоруми миллӣ эълон гашт…

Боиси хушнудист, ки бо шарофати иродаи қавии Пешвои миллат хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ бартараф гашта, ягонагию муттаҳидии миллат таъмин карда шуд. Ин дастовардҳо ин шахсияти бузургро ҳамчун асосгузор–наҷотбахши давлату миллат ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Умед Шоев
мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеа

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо