Истиқболи Рӯзи Модар дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]

 

Имрӯзҳо ба истиқболи Рӯзи Модар дар саросари кишварамон чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Шоистаи таҳсин аст, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати роҳбарияти кишварамон қадрдонӣ намудани фаъолияти бисёрҷабҳаи занону модарон маҳсуб меёбад. Ин нукта, 6 март  бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии  зан-модар дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ба шарофати Зан-Модар ҳаёт дар рӯи замин идомаю пойдор гардидааст. Аз ин рӯ, ӯро олитарин неъмати башарӣ номидан равост. Барои ҳар яки мо аз ҳама муҳаббати самимиву беҳтарин муҳаббати модари азизамон аст. Аз ин рӯ, модар барои ҳар яки мо на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати халқу миллатамон ба шумор меравад.  Дар кишвари зебову офтобиамон дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи дилафрӯз рост омадани таҷлили Рӯзи модар накутарин рамз аст. Зан-Модар ҳам бо чеҳраи гарм, симои нуронии баҳоронааш ба иди Наврӯз файзу сафо мебахшад.

Модарро аввалин мураббии башарият меноманд, зеро тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Ӯ ба кӯдаки хеш, ки ояндасози ҷомеа аст, тамоми хислатҳои неки инсониро василаи шири поку лазиз ва лафзи нобу ҷонбахшаш меомӯзонад. Ба хотири он ки олам ҳамеша ободу осуда бошад, модар дар қалби фарзандонаш тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиро мекорад. Бузургони илму адаб таъкид менамоянд, ки як насиҳати самимонаи модар баробар ва болотар аз сабақи устодони илму фан аст.

Модарон ҳамеша бар он мекӯшанд, ки фарзандонашон бо ахлоқи шоиста ба камол расанду бо аъмоли нек ва писандидаашон боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақом мартабаи Зан-Модар дар ҷомеа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми хеш Рӯзи байналхалқии занон – 8 мартро ба Рӯзи Модар табдил дод. Ин ҷашн, ки Рӯзи модар ном гирифт, шукӯҳу ҷилои тоза касб кард. Ин тадбири Сарвари давлат ҳар яки моро бар он ҳидоят мекунад, ки ҳурмату эҳтироми зан-модарро сидқан ба ҷо оварда, ӯро аз ҷон ҳам азизтару муқаддас донем, зеро ки ин амал қарзи аввалиндараҷаи ҳар яки мост.

Тавре ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: «Занон на танҳо ба василаи тавлиди фарзандон ҳаётро ҳусну бақо мебахшанд, балки баробари мардон дар ободиву шукуфоии кишвар заҳмат мекашанд, ки ин худ як омили беҳтарини тарбияи насли наврас мебошад»

Дар ҳаёти имрӯза занон на танҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд,      – афзуд Т. Каримзода.

Ҳамчунин дар ҷамъомад шоири ошиқ (Бесабр) Элмурод Турсунов аз эҷодиёташ дар васфи зан – модар шеърҳо қироат кард. Инчунин кормандони дастгоҳи марказии Хадамот дар мавзӯъҳои «Мақом ва манзалати зан дар ҷомеа» ва «Таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии  занон» маърӯза намуданд.

Дар хатми ҳамоиш як гурӯҳ бонувон барои фаъолияти софдилонаву пурсамар ва саҳми арзишманд бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин ҳошия Элмурод Турсунов бо мақсади ташкили китобхонаи Хадамоти муҳоҷират, ки аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, 10 нусха китоб, аз ҷумла ду маҷмуаи ашъорашро тӯҳфа намуд.

                                                                                Анвар ЮСУПОВ

                                                    котиби матбуотии Хадамоти муҳоҷират

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо