Мулоқоти Каримзода бо кормандони  Хадамот дар вилояти Суғд

[:tj] 

Бо мақсади омўзиш ва санҷиши ҳолати иҷрои қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ аз 22 то 24 октябри соли равон гурўҳи корӣ дар ҳайати сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ вазорати мазкур Саидасрор Саидов ва сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назарзода дар вилояти Суғд қарор дошт.

Дар доираи сафари хизматӣ гурўҳи корӣ бо фаъолияти сохторҳои зертобеъ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнию Зафаробод шинос шуда, вазъи татбиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муҳоҷирати дохилию экологӣ мавриди санҷиши васеъ қарор дод. Бештар ба масъалаҳои ба тасвиб расидани қарорҳои раисони шаҳру навоҳии болозикр оид ба кўчонидани аҳолӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин, тақсимоти қитъаи замин барои бунёди манзил, дастрас кардани қарзҳои имтиёзноку кумакпулии яквақта ва баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон ба охир расида, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ба манзилҳои нав кўчидани муҳоҷирон, бунёди инфрасохтор дар мавзеъҳои барои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ пешбинишуда, ҳалли муаммою мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта ва ислоҳи камбудию норасоӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Рўзи 24 октябр натиҷаҳои сафари хизматии гурўҳи корӣ дар мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид.

Мулоқот, ки дар он Саидасрор Саидов ва Нурулло Назарзода ҳам иштирок доштанд, бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ЗайнураШарифӣ оғоз ёфт ва номбурда аз номи аҳли толор аъзои гурўҳи кориро хайрамақдам гуфт.

Баъдан сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои сафари хизматӣ ба таври муфассал гузориш дода, андешаҳояшро доир ба рафти қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ баён намуд. Таъкид дошт, ки дар самтҳои саривақт ба тасвиб расонидани қарорҳои раисони шаҳру навоҳии дахлдор оид ба кўчонидани аҳолӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин, аз ҷумла ҷудо намудани замин дар ноҳияи Зафаробод барои муҳоҷирони дохилии ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳу Деваштич, тақсимоти қитъаи замин барои бунёди манзил, дастрас кардани қарзҳои имтиёзноку кумакпулии яквақта ва баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон ба охир расида, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ба манзилҳои нав кўчидани муҳоҷирон ва ба вуҷуд овардани инфрасохтор дар мавзеъҳои барои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ пешбинишуда ҳанўз муаммою мушкилоти ҳалталаб зиёд аст. Ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ҳамкории босамари сохторҳои зертобеъро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоту сохторҳои масъул тақозо менамояд.

Масъалаи дигаре, ки сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба он муфассал истода гузашт, масъалаи кадрӣ ва риояи интизоми меҳнату қоидаҳои одоби хизматчии давлатӣ аз ҷониби кормандон буд. Таъкид гардид, ки риояи интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои одоби хизматчии давлатӣ нишонаи аввалини масъулиятшиносӣ ва муносибати ҷиддии корманд ба кор маҳсуб мешавад. Пешравии кори ҳар як корхонаву ташкилот, новобаста ба шакли моликияту тарзи хоҷагидорӣ, қабл аз ҳама, ба меҳнатдўстию масъулиятшиносӣ ва малакаю қобилияти касбии аъзои ҷомеаи меҳнатӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, аз роҳбарон сар карда то кормандони қатории сохторҳои зертобеъ бояд ба масъалаи мазкур эътибори хоса диҳанд.

Дастур дода шуд,ки дар мавриди пешбарии мутахассисон барои ишғоли вазифаҳои холӣ мутахассисони ботаҷриба ва болаёқат интихоб карда шаванд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва натиҷаҳои ба даст омада изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки дастоварду муваффақиятҳои мавҷуда набояд боиси қаноатмандию фориғболии масъулин шаванд. Ҳамчунин оид ба боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият ва иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират дар назди иштирокчиёни мулоқот вазифагузорӣ кард.

Дар бастагӣ бо масъалаи кадрӣ номбурда дар бораи ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и кормандони сохторҳои зертобеи Раёсат таъкид намуд, ки дар ин маврид баъзе масъалаҳои ҳалли фавриро талабкунанда, аз ҷумла таъминот бо ҷои зист ва дастгирии мутахассисон пеш меояд. Бинобар ин, баъди омўзиш ва таҳлили чуқур бояд ин масъала баррасӣ шавад. Дар ин радиф Тоҳир Каримзода фаъолияти як қатор сохторҳои зертобеи дахлдорро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки сухани ҳикматноки «кадрҳо ҳама чизро ҳал мекунанд» имрўз ҳам қадру қимати худро гум накардааст ва дар мавриди интихобу ҷобаҷокунии мутахассисон заршиносу одамшинос будан ҳатмист.

Як бахши мулоқотро саволу ҷавоб ва суҳбати озоди сардори Хадамоти муҳоҷират бо иҷрокунандаи вазифаи сардор ва кормандони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои муҳоҷирони меҳнатиро пеш аз сафар омода намудан шахсони масъул бояд маърифати баланди ҳуқуқӣ ва маҳорати сухандониву ровигӣ дошта бошанд. Мунтазам худомўзӣ намуда, сатҳи донишу маърифаташонро баланд бардоранд. Марказ бояд дар баробари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бо ширкатҳои ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ машғул буда низ ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Дастур дода шуд, ки маълумотнома (объективка) оид ба ҳар як корманди марказ барои омўзиш ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод карда шавад.

Дар ҷамъбасти сухани худ Тоҳир Каримзода вобаста ба беҳбудӣ бахшидани кор дар тамоми самтҳои фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо вазифагузорӣ кард ва изҳори умед намуд, ки онҳо семоҳаи чорум ва дар умум соли равонро бо натиҷа ва нишондиҳандаҳои  баланд ҷамъбаст менамоянд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назарзода оид ба масъалаи таҳияи рўйхати муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки аз сабаби надидаву насанҷида ба рўйхат даровардани шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хоҳиши ба ҷои дигар кўчидан ё дар минтақаи дигар имкони бунёди манзил надошта аксар вақт кўчидан ва дар манзилҳои нав маскун шудани муҳоҷирони дохилию экологӣ тўл мекашад. Бинобар ин, масъулини шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки қабл аз даровардан ба рўйхат бо ҳар нафар муҳоҷири эҳтимолии дохилӣ ва экологӣ мулоқот намуда, фикру андешаашонро пурсанд ва имконияту шароиташонро омўхта бароянд.

Машваратро бо сухани хотимавӣ Зайнура Шарифӣ ҷамъбаст кард.

 

                                                                                    Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо