[:tj]
ДУШАНБЕ, 24.01.2021. /АМИТ «Ховар»/.
Тавре қаблан хабар додем, тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода шуд, ки дар он амалҳои муғризона ва қаллобиҳои як нафар бешараф – Муҳаммадиқболи Садриддин намоиш дода мешаванд.
Дар робита, аз ҷониби шаҳрвандони касбу кори гуногун нисбат ба ин филм вокунишҳои зиёде ба АМИТ «Ховар» ворид гардидаистодаанд, ки то кунун чанде аз онҳоро манзури хонандагон гардонидем. Ҳамакнун, аъзоёни Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новосибирск бо номи «Дӯстӣ» ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» баъд аз пахши филми мустанади «Бешарафӣ» дар ҳамдастӣ муроҷиатномаеро ба унвонии АМИТ «Ховар» равон кардаанд, ки дар зимн фишураде аз онро пешниҳод менамоем.
— Филми мустанади «Бешарафӣ» ки дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, бори дигар чеҳраи манфури аъзоёни ҳизби наҳзати исломро, бахусус чеҳраи бешарафонаи хоини миллат иғвогару дасисабозии нафареро, ки аз мардиву имону худотарсӣ дар вуҷудаш заррае вуҷуд надорад, Муҳаммадиқболи Садриддинро баръало ба оламиён нишон дод. Дар филми мазкур тамоми воқеот аниқу дақиқ ба навор гирифта шудаву бори дигар собит сохт, нафаре, ки худ шараф надорад, ғурур надорад, номус надорад дар мавриди дӯст доштани ватану миллат ҳам беномусу бевиҷдон аст. Алҳазар аз чунин мубаллиғону алҳазар аз чунин воизоне, ки «Чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд».
Аз ҷониби душманони дину оини мубини ислом ва башарият таъсиси ҳизбҳои экстремистӣ чун «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «ҲНИ» ва соири созмонҳои экстремистӣ-террористии исломӣ тавлидгари асосии низоъҳои динӣ-мазҳабии ифротӣ-экстремистӣ дар минтақаи шарқи мусалмонианд. Ҷомеаи мутамаддуни ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои хатарнок мубориза мебаранд.
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ, ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷомеа, пеш аз ҳама падарону модарон, мақомоти дахлдори кишвар барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳо зарур аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошанд, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи падару мадар ва тамоми ҷомеа низ зарур аст. Ба омӯзгорон лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм. ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоянд. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ мебошанд. Танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб фазои зиндагии моро аз таҷдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.
Бахти баланди мост, ки дар кишварамон тинҷию осудагӣ пойбарҷост ва ҳамагон бо умедҳои сабз зиндагиву фаъолият мекунанд. Фарзандонамон дур аз даҳшатҳои ҷанг ба воя мерасанд. Имкони зиндагии шоиста ва таҳсил фароҳам гардидааст. Мо инчунин дар замоне, ки дунё ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, бояд ақиб намонем. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва омӯзиши илму ҳунар тарбия намоем. Бо вуҷуди дар Федератсияи Россия буданамон ҷиҳати амалишавӣ ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ва ободии кишвари азизамон саъю талош меварзем. Имрӯз барои ҳар яки мо ҳамватанони дар Федератсияи Россия қарордошта амн будани ватан, сулҳу суботи он ва нақши муассири хешро гузоштан дар ободиҳои меҳани ба ҷон баробарамон, ки мо дар хоки поки он ба дунё омадаем, аз боду ҳавои биҳиштияш канори волидайнамон баҳра бурдаем, таҳсил кардаем ва айни ҳол гарчанде ба дигар кишварҳо рафта бошем ҳам, вале Ватан барои мо сари баланд ва ифтихору некномӣ мебошад. Имрӯз ватани маҳбуби мо — Тоҷикистони биҳиштосо ба ҳама мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, дар ҳама самтҳо зина ба зина пеш рафта истодааст ва ана ҳамин пешравию дастовардҳои кишварамон ба чашми бадхоҳони миллату ватани мо, ба чашми хоинони миллату ватан чун нафари имонбохтаву шарафбохта Муҳаммадиқболи Садриддин чун хор мехалад ва ӯ бо ҳаммаслаконаш, барои ба даст овардани луқмаи ҳароме хиёнат ба миллату ватан мекунад, бо пахши наворҳои иғвоангезашу бепояаш мехоҳад ба чашми мардум хок пошад. Вале имруз ҳар як фарди бонанги ватан хуб медонад, ки дар кишварҳои ба ном исломӣ , чун Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Миср, Яман маҳз бо дасисаи чунин ҳизбҳои ба ном исломиву дар асл дини мубини исломро бадномкунанда, бо дасисаи чунин бешарафон миллионҳо мардум ҳалоку дарбадару бесарпаноҳ ва ҳазорҳо занону духтаронашон ба кӯи бадномии террористону аҷнабиён кашида шуданд.
Аз он ҷумла аъзои ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин аз ин гуна нафарони бешарафу беимонест, ки ҳамарӯза бо пахш намудани наворҳои сохта ва бофтаи худ, барои ноором намудани вазъ мисли тори анкабут тор метанад. М.Садриддин ҳамеша барномаҳои иғвоангезро ба навор гирифта дар сомонаҳо иҷтимоӣ паҳн менамояд ва бо ин рафтори худ мехоҳад ҷавононро фирефтаи найрангҳои муғризонаи худ гардонад. Номбурда ки худ як “бозичаи дасту манбаи дилхушии” қумондонҳои афғон будаву имрӯз ба сифати қаллоб маъруф аст, боз дигаронро “насиҳат” мекунад.
Мардуми Тоҷикистон ва хусусан ҷавонони ватандӯсту ғайюр набояд фаромӯш созанд, ки ин ҷинояткори наҳзатӣ, ҳеҷ гоҳ бо хотири тинҷиву оромии Ватан, сухан намегӯяд. Зеро Ҳизби наҳзати ислом, ки падари М.Садриддин, Садриддин Қаландаров аъзои он ва яке аз роҳбаронаш буд, дар ҷанги бародаркушии таҳмилӣ, ки садҳо ҳазор ҷавонони беҳтарини ватан ҳалок шуданд, ҳазорон гурезаву овора шуданд, садҳои дигар дар дарёҳо ғарқ шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон зарари ҷиддӣ овард, бо хиёнати чунин шарафбохтаву курдилону зархаридон ба вуқуъ омада буд. Дар баробари ин, М. Садриддин ба хиёнатҳое чун барангехтани кинаву адовати миллӣ-нажодӣ, динӣ-маҳзабӣ, хиёнат ба Ватан, ҷосусӣ, ташкили иттиҳодияи террористию экстремистӣ даст дорад, ки албатта аз назари мақомоти Тоҷикистон ва мардум дур нагаштаанд.
Имрӯз мо тоҷикони дар Федератсия Россия қарордошта, ҳамеша шукргузор аз ободиҳои пешравиҳои Ватан ҳастем ва намегузорем, ки пои нохалафе, номарде ё бозичаи дасти аҷнабиёне хоки поки ватани моро олуда созад. Мо зидди чунин ватанфурӯшону хоинон ҳастем. Хиёнат ба миллату ватанро на Худо мебахшад на бандааш. Ба қавли Муҳаммад Ғоиб:
Мустаҳкам агар муҳаббати вассоф аст,
Ҳар санги Ватан баҳои кӯҳи Қоф аст.
Хоке, ки дар ӯ нишони хуни ноф аст,
Лойобааш аз оби дигар ҷо соф аст.[:]