• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон

Migration Service by Migration Service
08.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромилӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунгузории миллиро дар ин самт пурзур намуда, барои ҳифзи шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону занон аз зуроварӣ, таҳқир ва дигар рафтори ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ тадбирҳо меандешад.

Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ дар самти бароҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ва иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ҳамкориро ба Созмони байналмилалии муҳоҷират, ICMPD (маркази захиравии муҳоҷирон) ЮНИСЕФ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ба роҳ монда оиди ҳолатҳои мазкур мунтазам корбарӣ намуда истодааст.

Илова бар ин, Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало”, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монд.

Инчунин, Хадамоти муҳоҷират вобаста ба иҷрои талаботи имрӯзаи ҷомеа, омӯзиши бозори меҳнати кишварҳои хориҷӣ, ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар хориҷа мавриди омӯзиш ва назорати доимии худ қарор додааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул карда шуд.

Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи қонунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ҷузъи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, маҷмӯи чорабиниҳоест, ки ба танзим ва идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷират нигаронида шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли бисёр кишварҳои хориҷаи дуру наздик муҳоҷирати аҳолиро яке аз василаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иноватсионии кишвар медонад.

Дар асоси ин сиёсати давлатӣ дар самти муҳоҷират асосноккунии ҳадафҳо ва вазифаҳои асосиеро, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими амнияти давлатии кишвар, таъмини шароити зарурӣ барои амалисозии ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, урфу одатҳо, хусусиятҳои таърихӣ ва фарҳангии аҳолии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда дар самти бурдани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва сафарбаркунии муташаккилона, пешгирӣ шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайрқонунӣ ва савдои одамон бо маром идома дорад.

Ҳамзамон масъулини Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират, рӯзи 23 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират семинари омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисон гузаронида шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳое, ки бевосита бо талаботҳои осебпазири аҳолӣ алоқаманд аст оид ба падидаи савдои одамон ва тамоюлҳои нави он, айнияткунонии савдои одамон тавассути истифодаи равишҳо ва воситаҳои ягона бо назардошти таҷриба ва танзимнамоии миллӣ, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, огоҳонӣ ва пешгирии меҳнати маҷбурӣ, муқовимат ба муҳоҷирати номуназзам ва пешгирии оқибатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро баррасӣ намуданд.

Илова бар ин рӯзи 5-6 июни соли 2024 дар меҳмонхонаи “Румӣ” семинар тренинги омӯзиши баргузор гардид, ки масъулини Хадамоти муҳоҷират иштирок намуда, дар мавзӯи “Тартиби амалиёти стандартӣ дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон” дар чорчӯбаи лоиҳаи муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” фикру андешаронӣ намуда, ҳамкории самаранок бо дигар субъектҳои ваколатдор, ҷиҳати ташкили маъракаҳои самаранок оиди баланд бардоштани сатҳи огоҳонии аҳолӣ аз оқибатҳои муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва савдои одамон тақвият бахшиданд.

Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон, ҷиҳати тақвият ва ҷоннок намудани масъалаи мазкур таҳия ва пахши филму барномаҳои иттилоотӣ, видеороликҳо тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба оқибатҳои қурбонии савдои одамон, паҳн намудани буклетҳо, ёддоштҳо ва дастуру китобчаҳои чопшуда бо маълумотҳои муқовимат бар зидди савдои одамон дар байни аҳолӣ паҳн менамоянд.

Илова бар ин, корҳои тарғиботию машваратӣ оид ба масъалаҳои зикршуда тавассути сомонаи расмии Хадамоти www migration.tj, рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” нашр ва пахш карда мешаванд.

Мирзоев Амирҷон,
корманди масъули Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Ҷавонон тарафдори сулҳу суббот!

Next Post
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёт бошед

Ҷавонон тарафдори сулҳу суббот!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.