14 июни соли равон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он раиси Комиссия – муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А.Р. аъзоёни Комиссия, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳисоботи муовинони раисони ноҳияҳои Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Данғара, Хуросон ва Носири Хусрав “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, «Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» ва доир ба таъмини инфрасохтори зарурӣ (мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, барқ, оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳҳои дохили хоҷагӣ) дар мавзеъҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ шунида шуд.
Дар хатми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Баҳодурҷон Азиззода,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон