• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавононро аз гумроҳшавӣ боз дорем!

Migration Service by Migration Service
19.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Наврӯз – мероси бостонии халқи тоҷику форс
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Фардои мо дар симои ҷавонону наврасонамон зуҳур мекунад, ки онҳо имрӯз миёни мо зиндагӣ доранд. Иддаи зиёди онҳо ҳоло машғули таҳсиланд ва ё касбу ҳунар омӯхта истодаанд. Бахши дигар дар ҷабҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд. Миёни ҷавонон иддае раҳгумзада ҳам мебошанд, ки аз бардошти нодурусти ҷараёни ҳаёту ҳавову ҳаваси ноҷо ба ҷодаҳои сарбаста ворид шудаанд.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Мутаассифона, бо вуҷуди талошҳои бардавоми давлату ҳукумат, омилҳое монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар таҳдиду хатар пеш меоранд.

Ҳар шаҳрванде, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, ба мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне ӯ бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ҳамчун душман ба миллати худ қарор мегирад.

Тамоюл ва гароиши баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳо боиси ихтилоф, тафриқа ва нооромии ҷомеа мегардад. Дар ин ҷо тарбияи дурусти динии фарзандон дар айёми наврасӣ ва ҷавонӣ бисёр муҳим аст. Агар дар ҳамин давра маълумоти лозим ва дурусти динӣ ба онҳо дода нашавад, эътиқоди онҳо имкон дорад, ноқис монад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модар нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо шадидан нафрат доранд.

Агар мо хоҳем, ки ба чизе муваффақ шавем, ҷомеаи солим, кишвари ободу осуда дошта бошем ва сиёсатамон ҳам имрӯз ва ҳам оянда ҷонибдории густурдатари мардумро фаро гирифта тавонад, бояд саъй кунем, ки ҷавонон ин сиёсатро амиқан дарк намоянд, ба ин қувваи бузург такя кунем ва онро ба самти дуруст равона созем.

Танҳо дар ҳамин сурат, имкон дорад, ки нерӯи ин гурӯҳи муқтадир ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба нафъи давлату миллат равона гардад. Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон қабул карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба падидаҳои номатлуб ва хатари терроризму экстремизм, ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ изҳори ақида намуда, таъкид менамоянд, ки барои ҳимояи марзу бум, ҳифзи суботи оромӣ ҳар як фарди ватанпарвар бояд ҳушёр ва дар ин раванд дар корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳмгузор бошад. Зеро бе суботу оромӣ ягон ҷомеаи ҷаҳон рушд намеёбад ва номи худро ба нестӣ рақам мезанад.

Аз ин рӯ, қарзи инсонию виҷдонӣ ва шаҳрвандии мост, ки дар ниҳоди ҳар як ҷавони кишвар эҳсоси эътиқоду эҳтиром ба Ватан ва таърихи қадимаи он, фарҳанги баланди сиёсӣ, меҳнатдӯстию маърифатомӯзӣ, ахлоқи поки инсониро парвариш бидиҳем. Барои ба роҳ мондани зиндагӣ, таҳсилу меҳнати пурсамари онҳо кулли шароитҳоро фароҳам оварем.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Наврӯз – ҷашни бедории табиат

Next Post

Терроризм ин хатари ҷомеаи имрӯза аст!

Next Post
Терроризм – таҳдид ба ҳаёти осоиштаи инсоният

Терроризм ин хатари ҷомеаи имрӯза аст!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.