• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷомеаи орому осуда кафили рушди давлат

Migration Service by Migration Service
22.02.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷомеаи орому осуда кафили рушди давлат
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдӯсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рӯзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд.

Сад афсӯс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некӯаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

Терроризм ва экстремизм ду мафҳуми ба ҳам алоқаманданд, ки имрӯз вирди забони мардум гардида, ҳамаро ба таҳлука овардаанд.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинӣ манбаъ гирифта, маънояш «тарс, ваҳму ҳарос» ва маънии калимаи «экстремизм» «тундравӣ, аз андоза гузаштан»-ро ифода менамояд.

Ҳадафи асосии намояндагони ин ду равия ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ гирифтор намудани ҷомеаи тинҷу осуда аст.

Экстремизм ҳам ба соҳаи шуур, психология, рафтор ва ғояҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ба муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ (экстремизми иҷтимоӣ), этносҳо (экстремизми этникӣ), давлатҳо (экстремизми сиёсӣ), равияҳо (экстремизми динӣ) таъсири манфӣ мерасонад.

Терроризм ба шавқу ҳавасҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат таҳдид менамояд.

Ба ибораи Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.

Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд».

Мувофиқи маълумотҳои коршиносон имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал менамоянд ва ҳамасола дар мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад.

Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оила ҳамчун гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар оила ҳамаи ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине заминагузорӣ мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти фарзанд замина мегузорад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад.

Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст.

Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Волидон дар саргаҳи ташаккули андешаву идрок ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд ва муносибати худро ба олами атроф, нахуст аз дидгоҳи падару модар муайян менамоянд.

Барои таъмини зиндагии орому осоишта ва ояндаи неку дурахшони фарзанд падару модар бояд ҳамеша оид ба аҳамияти донишомӯзӣ ва гирифтани маълумот бо фарзандон сӯҳбат намоянд, рафти таҳсили онҳоро назорат намоянд.
Волидон бояд бо мактабу муаллимон алоқаву ҳамкории доимӣ дошта, дар бораи рафтору кирдор, хониши фарзанд бо муаллимон сӯҳбат намоянд, доираи дӯстону рафиқони фарзандонашонро хуб шиносанд, аз нақшаҳои баъдидарсии фарзандонашон пурсон шаванд.

Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки падару модарон дар самти таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ надода, онро вазифаи мактабу дигар тадрисгоҳҳо медонанд.

Бехабар аз он, ки дар таълиму тарбияи фарзанд се омили муҳим: оила, мактаб ва ҷамъият нақши муҳим мебозад.

Ин се чиз бидуни якдигар маъние надошта, яке дигареро пурра месозад.
Шояд аз ин сабаб бештари наврасону ҷавононе, ки аз назорати волидон дур гаштаанд, фарогири ғояҳои мафкуравӣ гардида, бехабар аз онанд, ки ояндаи худро зери таҳдид мегузоранд.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.

Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад.

Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати тоҷик ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

Ахмедов М.,
сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон

Next Post

Таҷлили Рӯзи Артиш дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Таҷлили Рӯзи Артиш дар Хадамоти муҳоҷират

Таҷлили Рӯзи Артиш дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.