• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷомеаро аз иттилои носолим эмин нигаҳ дорем

Migration Service by Migration Service
22.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷомеаи ҷаҳони имрӯза таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз проблемаи муҳиме гаштааст.

Таъмини амнияти иттилоотӣ дар радифи чунин навъҳои амният, аз қабили амнияти геополитикӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ, маънавӣ-ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва амсоли онҳоро дарбар мегирад.

Умуман, иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт.

Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ он аст, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбият, ба таври мӯъҷаз ва саривақтию фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дуруст дар ҷомеа саҳми муносиб гузоранд ва гузошта истодаанд.

Бояд қайд кард, ки дар баробари талқини сулҳу суббот ва неъмати оромӣ ҳамзамон дар фазои иттилоот тарғибу ташвиқи гурӯҳу созмонҳои террористӣ бошандагони сайёраро ба ҷунбиш оварда, имрӯз нақши гӯшношунидро касб кардааст.

Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ, барои амалӣ намудани аҳдофи худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.

Бо назардошти гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус терроризми диние, ки бо дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои аср, тариқи иттилоот, яъне тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ шудани тахаюли бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гӯё хидмат ба дин менамоянду, вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Мисоли равшан фаъолияти ДИИШ, ё “Давлати исломӣ”, ТТЭ ҲНИ ва даҳҳо ташкилоти террористию экстремистии дигар дар ҷаҳон мебошад.

Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади билохира аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд.

Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳову усулҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар бештари ҳолат ҷавонони ноогоҳ асосан тавассути шабакаҳои дар болозикршуда ба доми фиреби мубаллиғону эмиссарони интернетии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ афтодаан.

Воқеан, ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки баробари пахш метавонад иттиҳодро барпо созад ё онро пароканда кунад. Яъне ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.

Шерализода Носиралӣ,
мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар муҳоҷирати бехатар

Next Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Next Post
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.