• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Migration Service by Migration Service
18.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъуди бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Федератсияи Россия сафар менамоянд, ҷоннок намуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯрӣ бо шаҳрвандон тарзи дуруст омода будан пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, эълон намудани ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании кишвар фаҳмонида мешавад.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки бо иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд.

Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад тавассути линки мазкур ваъзияти буду боши худро дар қаламрави Федератсияи Россия муайян намояд. http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, онҳо низ метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд. http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525

Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.

Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.

Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филиалҳои Корхонаи давлатии воҳиди федералии «Хадамоти шиносномадиҳии раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати муҳоҷирати бехатар дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Ватан – муқаддастарин неъмати инсон

Next Post
Ватан – муқаддастарин неъмати инсон

Ватан – муқаддастарин неъмати инсон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.