Авҷи сафарбаркунии муҳоҷирон

[:tj]Давоми даҳаи аввали моҳи апрел дар вилояти Суғд дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор авҷи тоза гирифт. Дар ин давра ҶДММ «Суғдиён Помир Тур» фаъолнокии бештар зоҳир намуд. Аз ҷониби ин субъекти хоҷагидор 12 гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, иборат аз 340 нафар ба шаҳрҳои Оренбург, Самара, Тюмен, Новокузнетск, Перм ва Омски Федератсияи Русия сафарбар гардиданд. Ҳамчунин як гурўҳи 8-нафара ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардид.                                                                                                                    Дар ин радиф Филиали ҶДММ «Олами саёҳат» дар вилояти Суғд 21 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Орск ва СИ «Маҳмудов» 60 нафарро ба шаҳри Тюмен сафарбар намуданд. Бино ба иттилои сарварони субъектҳои хоҷагидор ба гурўҳҳои сафарбаршуда мутахассисони ботаҷриба роҳбалад таъин шудаанд. Ҳамчунин рўйхати ҳамаи онҳо бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа карда шудааст.

                                                                        Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                               дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо