Аз хатари ифротгароиву терроризм ягон давлат комилан эмин нест!

[:tj]Дунёи муосир гувоҳ аст, ки аз хатари ифротгароиву терроризм ягон давлат комилан эмин нест, зеро дар ҳоли авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонгароӣ ё глобализм сайёраи замин ба деҳкадае табдил шудааст, ки ягон сарҳад наметавонад сироятшавии ин ё он давлатро аз маризиҳои сахту сангине чун ифроту террор муҳофизат карда тавонад.

Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ давраи ниҳоят ҳассоси таҳкими давлатдории миллиро пушти сар мекунад ва табиист, ки ҷиҳати ҳалли бисёр масоили доғи замони муосир, хусусан ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ҷумҳурӣ дар пешорўи хатарҳо ва таҳдидҳо вобаста ба иғвоҳои нав ба нави ифротиён ва гурўҳҳои тахрибкоре, ки барояшон рушди зиндагии осудаи Тоҷикистон комилан мувофиқ нест, чораандешиҳо мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ дар қиёс бо Тоҷикистон давлате нест, ки ба падидаҳои хатарноке, чун терроризму экстремизм бештар ва густардатар дучор шуда бошад. Дар ягон давлати пасошўравӣ мисли Тоҷикистон дар заминаи радикализми динӣ ва террори ошкоро муноқишаҳои тўлонии мусаллаҳона нашудааст ва ягон кишвари ин минтақа монанди Тоҷикистон ба андозаи беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ низ надидааст.

Аз рўи ҳисоби иқтисодшиносон, танҳо баъди соли 2005-ум ҷараёни эҳёи иқтисоди миллӣ сурат гирифта, дар тамоми соҳаҳои марбут ба таъмини некуаҳволии аҳолӣ раванди рушди муътадил ба мушоҳида расид. Шуруъ аз соли 2008-ум рушди устувори иқтисодиёт оғоз шуд. Дар маҷмўъ, ҷанги таҳмилии дохилие, ки солҳои вазнини 1992-1997 дар Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи неруҳои тахрибкори наҳзатӣ ҷараён гирифт, Тоҷикистонро ба муддати беш аз панҷоҳ сол қафо бурд. Панҷоҳ сол ҳисоби миёнаи як насли одамист ва тасаввур кардан душвор аст, ки агар сиёсати сулҳҷўёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ҳоло ҳар қисмати Тоҷикистонро амиреву сипаҳсолоре мисли Афғонистон идора мекард ва сарнавишти талхи ин кишвари ҳамсоя моро низ интизор буд. Ҳамаи ин ба касофатии терроризму тундгароист.

Ҳоло бояд шукр гуфт, ки дар Тоҷикистон манбаи асосии терроризму ифротгароӣ ва радикализм – ТЭТ ҲНИ решакан шудааст. Бо вуҷуди он ки суди Тоҷикистон ин созмони ифротиро мамнуъ эълон кардааст, намояндагони он дар кишварҳои Аврупо то кунун фаъолияти зиддимиллӣ мебаранд ва вобаста ба ҳар як ҳодисаи ҷудогона, хоҳ марбут ба фарди алоҳида ва ё гурўҳи муайян мехоҳанд оташи ҷангу хусуматро дубора дар кишвар фурўзон намоянд. Яъне падидаи терроризм ва ифротро то ба охир нест кардан имкон надорад, ягон давлати дунё то кунун ба ин мақсад нарасидааст, зеро ин падида хусусияти байналмилалӣ пайдо кардааст.

Вобаста ба ҳадафҳо ва ғояҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ бояд ҳаминро таъкид кард, ки аз замони таъсиси ин ҳизб, фаъолияти он дар давраи то зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъдан иштироки фаъоли аъзои он дар табаддулоти соли 2015, инчунин воқеаҳои хатарбори даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ як марҳилаи томи воқеияти таърихи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тавассути ба як гурўҳи сиёсӣ ҷалб намудани мардум аз рўи аломату нишонаҳои эътиқоди динӣ худ аз худ ба ҷудо намудани мардум ба худиву бегона бурда мерасонад ва самарааш ба ҷуз ихтилоф ва зиддияту муноқиша чизи дигаре нест. Бо назардошти тасаввури маъмулии мардум аз дин ва бисёр нозук будани масъалаи тааллуқ доштан ба ин ё он равияи динӣ ва мазҳабҳо таъсиси додани ҳизби динӣ хоставу нохоста ба ҷангу низоъ оварда мерасонад.

Таҷрибаи амалии ҳизбҳои динӣ ҳатто дар давлатҳои нисбатан пешрафта, аз қабили Ҷумҳурии Арабии Миср дар мисоли «Ихвон-ул-муслимин» исбот кардааст, ки ҳизби динӣ наметавонад ба пешрафти давлат ва инкишофи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад. Лубнон, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тўли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шўришҳо кўшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Яқинан, наҳзатиҳо манбаи терроризм на танҳо дар митақа, балки дар тамоми ҷаҳон ба шумор мераванд. Барои васеъ намудани фаъолияти ифротгароӣ ин ҳизб аз дастгириҳои иттилоотӣ ва молиявии дигар созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурўҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо истифода мебарад. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон наҳзатиҳо ҳатто аз номи ислом ва наҳзат даст кашиданд. Эътилофи наверо таъсис дода, онро Паймони миллии Тоҷикистон ном гузоштанд ва роҳбарии онро низ худашон ба даст гирифтанд, ки он аз 15 августи соли 2019 бар асоси аризаи додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ гардид. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки терроризм ва ифрот дар заминаи дин хатари бузурге дорад. Маҳз омили диниро истифода карда, ҳоло ҳам наҳзатиҳо мехоҳанд муноқишаву низоъ бархезонанд, масалан, Кабирӣ дар ҳар баромадаш изҳор мекунад, ки гўё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.

Метавон гуфт, ки барои пешгирии минбаъдаи ифроту террор ва ҳама гуна ҳаракатҳои тундгароӣ метавон аз чандин роҳу усулҳои мубориза истифода бурд, ки яке аз онҳо ин аст, ки ниҳодҳои масъули давлатии Тоҷикистон бояд бевосита бо созмону ташкилотҳои ҳуқуқи башари Аврупо, инчунин ҳомиёни ҳуқуқи он давлатҳое, ки дар онҳо наҳзатиҳо фаъолият доранд, бояд кор баранд ва онҳоро мутмаин созанд, ки вазъро дар худи Тоҷикистон омўхта, бо назардошти рўҳия ва мавқеи мардуми Тоҷикистон оид ба ин ҳизби манъшуда хулосаҳо бароранд.

                                                                        Тоҳир Каримзода

                                                                  Сардори Хадамоти муҳоҷират

        

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо