Аксияи муштарак дар истгоҳи “Роҳи абрешим” – оғози ҳамкории минбаъда

[:tj] 

Роҳандозии корҳо барои таъмини пойдорӣ ва устувории оилаҳо, интихоб ва омода намудани занони сарвар, пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла тундгароиву ифротгароӣ, савдои одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, бемориҳои сироятӣ, истисмори одам аз ҷониби одам, мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯёни коллеҷу макотиби таҳсилоти олӣ, барномаҳои телевизионӣ, озмуни иншо ва плакт ва аксияҳои муштарак оид ба муҳоҷирати бехатар ва Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, қурбониёни савдои одамон ва хушунати оилавӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” ба нақша гирифта шудаанд. Дар татбиқи он Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкори асосии ин ташкилоти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилои сардори Раёсати ташкилот, собиқ ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова лоиҳаи болозикр бо мақсади амалисозии “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021” аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июни соли 2020 дастгирӣ ёфтааст. Ҳадафи асосӣ аз татбиқи он, қабл аз ҳама, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Аксияе, ки дар истгоҳи “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, чорабинии нахустини муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз хатсайрҳои дохилӣ ба самти шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Мастчоҳу Ашт, шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ва ғайра муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути субъектҳои хоҷагидор асосан аз ҳамин Истгоҳ ба Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои қабулкнанда сафарбар мешаванд.

Дар рафти аксия маълум гардид, ки аз сабаби сахт шудани назорат бисёр камбудиҳои дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойдошта бартараф шудаанд. Аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршуда аз худи ҳамин истгоҳ ба автобусҳои истеҳсоли хориҷии дорои шароити хуби сафари дарозмуддат нишаста, ба роҳ мебароянд. Солҳои қаблӣ масъулини субъектҳои хоҷагидор онҳоро бо микроавтобусҳо то сарҳади шаҳри Исфара бурда, тавассути автобусҳои аксар вақт аз ҷиҳати техникӣ носози ба шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон тааллуқдошта сафарбар менамуданд. Ин ҳолат борҳо сабабгори дар нимароҳ мондан ва сарсону саргардоншавии муҳоҷирони меҳнатӣ гардида буд.

Ба ғайр аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкилкунандагон бо сафарбаршавандагон ва шахсони онҳоро гуселкунанда суҳбати озод доир намуданд, пешниҳоду андешаҳояшонро пурсон шуданд ва ба саволҳояшон ҷавоб доданд. Ҳамчунин ба онҳо чанд номгӯй маводи чопии ташвиқотию тарғиботиро дастрас карданд.

 

                                                                                  Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо