Аксия «Бо хатарҳои глобалӣ бояд мубориза бурд”

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи  Варзоб аксияи муштарак дар мавзӯъи «Бо хатарҳои глобалӣ бояд мубориза бурд» бахшида ба таҷлили  Иди байналмилалии «Наврӯз» баргузор намуданд.

Баромадкунандагон ҳозиринро бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм огоҳ намуда, дар симои иштирокчиён аҳли ҷомеаро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муқовимату муборизаи беамон бар зидди чунин омилҳои номатлуб даъват карданд. Дастур дода шуд, ки волидону дигар аъзои оила ва наздикону пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштани онҳо доим аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуда истанд, бо насиҳатҳои худ сади роҳи воридгардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шаванд.

Дар рафти саволу ҷавоби озод маърӯзачиён ба пурсишҳои иштирокчиён посух гуфтанд. Дар фарҷом ба сокинони ноҳия буклетҳо ба миқдори 1000 нусха дастрас гардонида шуд.

 

                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар ноҳияи Варзоб

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо