Аксия дар Варзоб

[:tj] 

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба  сазовор истиқбол намудани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи корҳои ободонӣ, таъмири биною иншоот, кабудизоркунӣ, тоза намудани гирду атрофи идора ва обод намудани гулгаштҳо баргузор гардид.

Дар чорабинии болозикр шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи  Варзоб фаъолона ширкат варзиданд. Ташкилкунандагони чорабинии маърифатӣ зимни мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, намояндагони соҳаи тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, шахсони барўманду рўзгордида дар мавзўъҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, муҳоҷирати меҳнатии бехатар, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, омодагӣ ба ҷашни мубораки дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва ғайра низ мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.

Дар хатми чорабинӣ ба сокинони ноҳия буклетҳо дар мавзуъҳои «Шукри Истиқлол мегўем мо»,   «Ифротгароӣ ва терроризм» ба миқдори 2000 нусха тақсим гардид.

 

                                                                       Орифҷон Олимзода

                                                                      мудири бахши Хадамоти

                                                                      муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо