Аёдати тарбиятгирандагони ширхоргоҳ – кӯдакистон

[:tj] 

Дар асоси Ҷадвали вобастакунӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Иди Қурбон дар мактаб – интернатҳо, хона – интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 5 августи соли 2019 тасдиқ шудааст,  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маъракаи аёдатро дар ширхоргоҳ – кӯдакистони №26 шаҳри Хуҷанд ба роҳ монд. Ёдовар мешавем, ки дар муассисаи мазкур кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ нуқсондор 9 кару гунг) бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ба ҳайси намояндаи масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ин амали хайр роҳбарӣ намуд.

Бо назардошти он ки айни замон тарбиятгирандагон дар таътили тобистона қарор доранд, дар муассиса корҳои ободонӣ ва ба соли нави таҳсил омода намудани иншоотҳои асосию ёрирасон босуръат роҳандозӣ шуда истодааст.

Гурӯҳи аёдатӣ иборат аз кормандони масъули дастгоҳи Раёсат ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони ширхор – кӯдакистон мулоқот ороста, онҳоро ба муносибати Иди Қурбон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода табрик гуфт ва бо рафти таъмиру тармим аз наздик шинос шуд.

Таъкид гардид, ки чунин ғамхорию дастгириҳо ва таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбияи насли ояндасози миллат аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар доираи аёдат, тибқи дархости маъмурияти ширхоргоҳ – кӯдакистон барои анҷоми корҳои таъмирӣ аз ҷониби аёдаткунандагон ҳамчун армуғони идона маводу масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд.

 

                                                                   Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо