[:tj]Дар шаҳри Роғун бахши Хадамоти муҳоҷират вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва моҳияти қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва посух ба суолҳои сокинон мулоқот баргузор намуд, ки дар он беш аз 200 нафар шаҳрвандон фаъолон ширкат варзиданд.
Шомурод Саидов мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун зимни суханронӣ аз шарту шароитҳои муҳоҷирати корӣ ёдовар шуда, ба ҳозирин, минҷумла фаҳмонд:
– Барои дастрас кардани патент аз забони русӣ ва таърихи Россия имтиҳон супорида, соҳиби сертификат шаванд. Ҳамзамон, суғуртаи тиббӣ низ дастрас намуда, баъдан барои гирифтани патент ба ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷират (собиқ ФМС) – и минтақавӣ ариза пешниҳод намоянд. Аз рўзи пешниҳоди ариза бояд дар даволми 10 рўз шаҳрванди хориҷӣ дар кишвари Россия соҳиби патент гардад.
Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо дар давоми 30 рўз ба анҷом расонида мешаванд. Агар дар ин муҳлат шаҳрванди хориҷӣ патентро дастрас карда натавонад, бори аввал ҷарима ба маблағи 10-15 ҳазор рубли русӣ супорида, бори дуюм дар ҳамин муҳлат барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод мекунад. Агар бори дуюм ҳам патентро дасрас накард, бояд ҳудуди Федератсияи Россияро тарк намояд ва баъди 90 рўз ҳуқуқи дуюмбора воридшавӣ ба ФР-ро дорад. Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дар кадом минтақае, ки худро ба қайд гирифтааст, мувофиқи қонунгузории давлати Россия бояд дар ҳамон ҷо будубош намояд. Муҳлати давомнокии сертификати донистани забони русӣ ва таърихи Россия 5 сол мебошад. Шаҳрвандони мо метавонанд, ки сертификатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишгоҳҳои словянӣ дастрас намоянд. Аз ҳамин лиҳоз шаҳрвандоне, ки ФР-ро барои муҳоҷирати меҳнатӣ интихоб мекунанд, бояд забони русиро хуб дониста, аз маданияти ин кишвари абарқудрат огоҳ бошанд.
Дигар мутахассисони соҳа низ дар мулоқот аз масоили муҳими муҳоҷират суханронӣ карда, ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.
Анвар Юсупов
[:]