Баррасии васеи масоили вобаста ба муҳоҷират

[:tj] 

30-юми январи соли равон бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, сардорони ва намояндагони сарраёсатҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва молия, раёсатҳои корҳои дохилӣ, минтақавии рушди иқтисод ва савдо, адлия, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Комиссариати ҳарбӣ, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо маҷлиси машваратии бахши иқтисодиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардид. Сардорони Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ин сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, кормандони васоити ахбори омма низ аз ҷумлаи иштирокчиёни чорабинии мазкур буданд.

Дар рафти ҷаласаи машваратӣ 5 масъала, аз ҷумла рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017, №484 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ», натиҷаҳои гузаронидани саршумори чорво (инвентаризатсия), пур кардан ва электронӣ намудани дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагӣ, қарздории муҳлаташ гузашта аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, пурсиши сартосарии ҳавлиҳо ва танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилии ихтиёрӣ ва экологӣ, рафти иҷрои барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019  баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои якум ва дуюми рӯзномаи маҷлиси машваратӣ сардори Сарраёсати Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷдикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдулатиф Қодирӣ гузориш доданд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баъди шунидани гузоришҳо зимни баёни андеша оид ба роҳҳои ҳалли муаммою мушкилоти ҷойдошта ва ислоҳи камбудиҳо аз масъулини мақомот, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард. Ҳамчунин масъулинро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат вазъияти ҷойдоштаро ба эътидол оранд.

Гузориши сардори Раёсатҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба натиҷаҳои ҷамъбасти пурсиши сартосарӣ бо мақсади муайян намудани оилаҳо ва шумораи дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳияи рӯйхати ном ба номи онҳо ва муаммою мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ вобаста буд. Мавсуф ба муовини Раиси вилоят ва дигар иштирокчиёни маҷлиси машваратӣ бо мисолҳои мушаххас сабабҳои бо ҳамдигар мувофиқат накардани маълумотҳои аз сарчашмаҳои гуногун бадастомада оид ба шумораи муҳоҷирони меҳнат, натиҷаҳои пурсишҳои сартосарии дар соли 2018 гузаронидашуда, дар муҳлатҳои пешбинишуда таъмин нагардидани иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологиро нишон дода, дар самтҳои  бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ҷудо намудани фонди замин барои кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, ба онҳо тақсим кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ва инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои барояшон  пешбинишуда андешидани чораҳои муассир ва таъхирнопазирро муҳим донист.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир ба ин масъалаи рӯзномаи маҷлиси машваратӣ ҳам аз нафарони масъул пурсиш ба амал овард ва андешаҳои худро баён дошт. Дар радифи сардори Раёсатҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ва мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоҳидов ба саволҳои муовини Раиси вилоят муовинони раис ва масъулини  аз як қатор шаҳру ноҳияҳои дахлдор, аз ҷумла Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Деваштич ва Зафаробод посух доданд. Анвар Яъқубӣ ҷиҳати самаранок ташкил намудани пурсишҳои сартосарӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ба даст овардани маълумоти аниқу дақиқ оид ба шумораи оилаҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ислоҳи вазъият ва таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ дастурҳои мушаххас дод.

Дар рафти пешниҳод гардидани гузориши сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ ҳам муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз мавсуф ва дигар нафарони масъул пурсиш ба амал овард ва онҳоро ба дақиқкорӣ дар таҳияи ҳисоботҳо, нишон додани вазъи воқеии бозори меҳнат, ҳамкории босамар ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ҷалб намуд.

Маҷлиси машваратӣ бо вазифагузории муовини Раиси вилоят дар назди ҳамаи иштирокчиён ба анҷом расид. Изҳори умед карда шуд, ки ин маҷлис дар самтҳи ислоҳи камбудию норасоиҳо ва тақвияти фаъолияти минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад.

 

                                                                  Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо