Баррасии мавзўи муҳоҷирати бехатар ва ҳимояи   ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон

[:tj] 

 

Давоми рўзҳои 12 ва 13-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи USAID «Шаъну шараф ва ҳуқуқ дар Осиёи Миёна» тренинг доир гардид, ки ба мавзўи «Муҳоҷирати бехатар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон» бахшида шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки бо иштироки 25 нафар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ гузашт, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Рустам Ҷамолов намояндагӣ кард.

Рўзи нахустини тренинг ба мафҳумҳои муҳоҷират, субъектҳои муҳоҷират, савдои одамон ва доираи фарогирии он, қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, нақши расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар инъикоси мавзўи муҳоҷират равшанӣ андохта, тренерҳо ва коршиносон Баҳром Раҳматҷонов, Абдулфаттоҳ Шафиев ва Саймуҳаммад Давлатов оид ба фаъолияти маркази мусоидат ба муҳоҷирони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, натиҷаи тадқиқоти миллӣ доир ба савдои одамон, пешгирии савдои дохилии одамон, ҳимояи қурбониёни савдои одамон ва гурўҳҳои осебпазир, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиботи ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Федератсияи Русия, қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ин мамлакат маълумот доданд.

Дар рафти мубодилаи афкор ва муколамаи озод намояндаи  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Рустам Ҷамолов  вобаста ба омодасозии ҳуҷҷатҳо барои гузошта шудан ба қайди муҳоҷиратӣ дар Федератсияи Русия, муҳлати бақайдгузории муҳоҷиратии шаҳрванди хориҷӣ (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон), муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ пас аз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва номгўи онҳо барои гирифтани патент, гирифтани патент (пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ) ё радди мақомот оид ба додани он ва аз нав ба расмият даровардани патент баромад кард.

Дар рўзи авали тренинг ҳамчунин «Гузориши ҷаҳонии муҳоҷират – 2020» шунида шуд.

Дар оғози рўзи дуюми тренинг ба таври мухтасар мавзўъҳои дар рўзи авали чорабинӣ муҳокимагардида таҳлил шуданд. Баъдан тренерону коршиносон асосҳои қонунии манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия, мафҳуми депортатсия, хориҷкунии маъмурӣ ва манъи вуруд ба ин давлат, ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари мазкур ва ҷавобгарии ҷиноятӣ, саводи расонаӣ, аҳаммияти саводи расонаӣ дар ҷаҳони муосир, вазъи саводнокии расонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелсанҷӣ (фактчекинг) ва таҳлилҳои он, маводи санҷидашудаи СБМ дар мавзўи муҳоҷират, ҷустуҷўи касбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, муроҷиати шаҳрвандон оид ба бекор намудани манъи вуруди муваққатӣ барои дубора ворид шудан ба Федератсияи Русия, муайян намудани ҳолати кушода ё маҳкам будани роҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русияро шарҳу эзоҳ доданд.

Рустам Ҷамолов ба ҳайси намояндаи  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи баррасии масоили болозикр оид ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон намудани талаботи бақайдгирии муҳоҷиратӣ ва ҷойи зист, талаботи нави қонунгузории федералии Федератсияи Русия (аз 8 июли соли 2018) оиди бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ, ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон намудани муҳлати будубош ва барои вайрон намудани талабот оид ба фаъолияти меҳнатӣ, муайян намудани асосҳои қонунӣ барои бекор кардани манъи вуруд ва рўйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатии Федератсияи Русия бо овардани мисолҳо аз фаъолияти Раёсат ва таҷрибаи кории худ ибрози назар кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти тренинг баррасии мавзўъҳо ҳам ба таври гурўҳӣ ва ҳам ба таври фардӣ роҳандозӣ гардида, имкониятҳои технологияи рақамии иттилоотӣ босамар истифода шуд. Аз ҷумла чандин маротиба нишон дода шудани сабту наворҳои видеоӣ самаранокии чорабиниро таъмин намуд.

Дар охири тренинг иштирокчиён пурсишномаи ҷамъбастӣ пур намуда, ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён карданд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо