Баррасии тағйироту иловаҳо ба қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират

[:ru]Баррасии тағйироту иловаҳо ба қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират

Дар асоси мактуби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли равон, №17.7/985, ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар мавзўъҳои «Қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ», «Таҷрибаи мусбати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Қоидаҳои бо кор таъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои Аврупои шарқӣ» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вебинар гузаронид. Дар ин чорабинӣ ба ғайр аз кормандони дастгоҳи Раёсат ҳамзамон сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен, иҷрокунандаи вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Модератор – ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Фарҳод Бобоев дар оғози вебинар иттилоъ дод, ки аз санаи 1-уми ноябри соли равон як қатор тағйироту иловаҳо ба қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират мавриди амал қарор гирифт. Ин тағйироту иловаҳо асосан ба масъалаҳои гирифтани иҷозати расмӣ барои зиндагии муваққатӣ ва шаҳрвандии ин кишвар дахл дошта, дар самти мазкур як қатор сабукиҳоро пешбинӣ менамояд.

Дар идомаи вебинар тағйироту иловаҳои воридгардида банд ба банд шарҳ дода шуд. Фарҳод Бобоев онҳоро шарҳ дода, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зимни баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва қабули шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, аҳли ҷомеаро аз навгониҳо бохабар созанд. Таъқид намуд, ки дар ин самт истифодаи босамар аз васоити ахбори омма ба манфиати кор хоҳад буд.

Вебинар дар шакли суҳбати озод ва саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Вобаста ба мавзўи баррасишуда ба иштирокчиён маводҳои иттилоотию тарғиботӣ тақсим гардид. Тибқи нақша ин гуна чорабинӣ бо фарогирии масъулини шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ гузаронида мешавад.

 

                                                                       Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар вилояти Суғд

 

 

 

 

 

 

 [:tj]Дар асоси мактуби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли равон, №17.7/985, ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар мавзўъҳои «Қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ», «Таҷрибаи мусбати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Қоидаҳои бо кор таъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои Аврупои шарқӣ» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вебинар гузаронид. Дар ин чорабинӣ ба ғайр аз кормандони дастгоҳи Раёсат ҳамзамон сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен, иҷрокунандаи вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Модератор – ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Фарҳод Бобоев дар оғози вебинар иттилоъ дод, ки аз санаи 1-уми ноябри соли равон як қатор тағйироту иловаҳо ба қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират мавриди амал қарор гирифт. Ин тағйироту иловаҳо асосан ба масъалаҳои гирифтани иҷозати расмӣ барои зиндагии муваққатӣ ва шаҳрвандии ин кишвар дахл дошта, дар самти мазкур як қатор сабукиҳоро пешбинӣ менамояд.

Дар идомаи вебинар тағйироту иловаҳои воридгардида банд ба банд шарҳ дода шуд. Фарҳод Бобоев онҳоро шарҳ дода, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зимни баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва қабули шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, аҳли ҷомеаро аз навгониҳо бохабар созанд. Таъқид намуд, ки дар ин самт истифодаи босамар аз васоити ахбори омма ба манфиати кор хоҳад буд.

Вебинар дар шакли суҳбати озод ва саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Вобаста ба мавзўи баррасишуда ба иштирокчиён маводҳои иттилоотию тарғиботӣ тақсим гардид. Тибқи нақша ин гуна чорабинӣ бо фарогирии масъулини шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ гузаронида мешавад.

 

                                                                       Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо