Бар зидди вабои аср мубориза мебарем

[:tj] 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба таҳдиди субботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён овардани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидаанд. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ оварда мерасонад. Имрӯз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷомеаи башарӣ гардида истодааст.

Барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ аз таълимоти исломӣ фарсахҳо дур аст ва он ба  ислоҳоти ҳақиқӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамин тавр, яке аз ҷиҳатҳои терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро омили тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд. Бо ин мақсад кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ВМКБ баҳри пешгирӣ намудан аз ин вабои аср ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ дар ҳудуди вилоят вохӯрӣ ва суҳбатҳоро гузаронида истодаанд

                                                       Шероз Малакбозов

                           мутахассиси  МД “Маркази машваратӣ ва омодагии

                                         пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ВМКБ       [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо