Баҳри дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj]Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» ва сохторҳои муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон семинар оиди Барномаи «Дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оилаҳои мӯҳтоҷи муҳоҷирон меҳнатӣ дар ВМКБ» баргузор гардида, мавриди муҳокима қарор ёфт.

Бояд гуфт, ки тибқи барномаи мазкур бояд 80 оилаи камбизоат аз миёни муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» дастгирӣ ёбад.

Аз ин ҷиҳат бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рӯйхати 12 оилаи 4 ҷамоати деҳоти ноҳияро, ки саробони оилаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба оилаҳои худ кӯмаке намерасонанд тартиб дода, ба Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» пешниҳод намуд.

Ба замми ин бахши Хадамоти муҳоҷират таслим гирифтааст, ки боз рӯйхати 68 оилаи дигаре, ки тибқи критерияҳои пешниҳодгардидаи ташкилои дар самти кӯмак расонида ба оилаҳо мувофиқат мекунад дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таҳия намуда, ба Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» пешкаш намояд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Шуғнон.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо