Ба афкори экстримистӣ ва террористӣ роҳ надиҳем

[:tj]Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстримизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдорӣ ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ ба номи «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ». «Ал – Қоида», «Бако ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри тадбиқи аҳдофи нолоиқи худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.

Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалкардаҳои ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо ислом робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳро мерезонанд.

Пушида нест, ки дар раванди ҷаҳоншавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба кули тағйир ёфта, ки ин ҷангу хунрезиҳо дар кишварҳои шарқи наздик ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Эрнест Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамадунҳо ба вуҷуд хоҳад омад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқае надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва Экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гуноҳ аст. Терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо ҳамеша ба суханони Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум  менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо  ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро  дастгирӣ мекунем.

Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуҷуд омадаанд, ҳеҷ як шахси  солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.

Амалёти охире, ки террористон ба анҷом доданд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ин қатли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин амали аблаҳонаи гурӯҳҳои террористиро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуданд.

Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар  ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чи хеле, ки аз тарақи шабакаҳои телевизионӣ як гурӯҳи исломии ӯзбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ин ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз рӯи замин нест кардан лозим аст, то ин ки ман ҳамчун падар дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам.Чуноне, ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ-сиёсӣ ва дигар ахборотҳои сохторҳои қудратӣ маълум гардид. Дар ҷумҳурӣ 14 – гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудрати маҳв гардида, фаъолияти 12-ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистӣ-ифротӣ, тундгаро дар қаламрави кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи гурӯҳи давлати Исломии Шоми Ироқ меҷанганд.Теъдоди онҳо муаян гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомоти қудрати кишвар чораҳои мушаххасеро андешиданд.То имруз 1190 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот давом дорад. Зиёда аз 150 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Чуноне, ки таҳлилҳо нишон доданд, воридшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама, паст будани савияи дониш, гумроҳӣ, надоштани зиракии сиёсӣ ва тайёр набудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ оиди «Хатарҳои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба амнияти кишвар ва чораҳои пешгирии он» баргузор гардид, ки дар баромади муовини вилоят  Шодихони Ҷамшед қайд гардид, ки  «Боиси таасуф аст, ки аз 1200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар сафи ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ, экстремистӣ қарор доранд, 40 нафарашон зодагони ВМКБ мебошанд.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори  экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар шаҳри Хоруғ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо