Ба истиқболи Ҷашни Ваҳдат: Вохӯрии намояндагиҳои расмӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Новосибирск

[:tj]Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Консулии генералии ҶТ дар ш.Новосибисрк ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни вилояти Новосибирск ба истиқболи солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо доираи васеи ҳамватанон доир менамоянд.

Тавре котиби матбуотии Намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов иброз дошт, мулоқоти навбатӣ бо гурӯҳи донишҷӯён ва ҳамватанон дар Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск доир шуд.

Сараввал Консули генералӣ Шамсиддин Зардӣ доир ба аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон сухан карда, онро дастоварди беназир дар даврони истиқлолияти кишвар арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки бо дарназардошти равандҳои феълӣ моҳияти истиқрори сулҳ ва баҳамойии миллати тоҷик беш аз пеш мубрамият пайдо кардааст ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бояд ба қадру манзалати ин неъмат расад ва барои ҳифзу таҳкими он саҳмгузор бошад. Намояндагони диаспораи тоҷик низ дар навбати худ аз дастовардҳои даврони истиқлолият, ки бе шубҳа бо шарофати сулҳу суботи кишвар ба даст омадааст, сухан карданд.

Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки сарфи назар аз гуфтаҳои боло ҳолатҳои ба назар мерасанд, ки бархе аз ҷавонони мо аз ноогоҳӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ шомил шуда шаъну шарафи миллӣ ва шахсии худро доғдор менамоянд. Зимни таҳлили омилҳои ин раванди нангин, қайд шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ асосан ба категорияи муайяни ҷомеа, махсусан ҷавонон, шахсони бе кор, ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёздошта, ё аз волидон ва аз ҷамъият ранҷида, ки дониши маърифатию ҳуқуқӣ надоранд сарукор мегиранд.

Бинобар ин ба ҳозирин мафҳуми экстремизм ва терроризм, ки ҳадафашон нооромӣ ва дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат ва бадбинии иҷтимоию ва мазҳабӣ мебошад, фаҳмонида шуд. Даъват ба амал оварда шуд, ки ба шахсони шубҳанок бо ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар бовар накунанд ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми пайдо шудани мушкилоти ба ин мавзӯъ марбут ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Дар мулоқот  инчунин оид ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, нақшаи якҷояи тадбирҳо ба муносибати ин санаи таърихӣ, аз ҷумла вохӯрию мулоқотҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мувофиқа карда шуд.

Дар чорабинӣ инчунин мутахассиси пешбари Намояндагӣ Шерали Нуридинов, раиси ҷамъияти тоҷикони «Исфара»-и ш.Новосибирск Суръатхон Амонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони давлатҳои ИДМ»-и ш.Новосибирск Муҳаммадӣ Давлатов, раиси чамъияти «Сомониён»-и ш. Новосибирск Минҳоҷидин Каримов, сардори бахши ҷавонони ҷамъияти “Дӯстӣ-Дружба”-и ш. Новосибирск Эмомалӣ Авазов ва роҳбарияти донишгоҳ ширкат доштанд.

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо