Ба Мадинаи 4 – моҳа ва модараш соҳибкори тоҷик кӯмак кард

[:tj]Ба Муҳиддин ном як соҳибкори тоҷик, ки ба муҳоҷирзани ҳамватанамон бо духтарчаи 4 – моҳааш дар вазъияти мушкили ҳаётӣ қарор дошт, дасти сахо дароз кард, изҳори миннатдорӣ мекунем.

Ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Умеда ном як муҳоҷирзани тоҷик, ки бе ҷойи зист мондаву дар ҳолати танги молиявӣ қарор гирифта буд, барои дастгирӣ муроҷиат кард. Аз рӯи суханонаш чанд сол қабл Умеда бо як муҳоҷир аз кишвари ҳамсоя оилаи шаҳрвандӣ барпо карда дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Бинобар сабабҳои оилавӣ шавҳар Умедаро бо духтарчаи 4 – моҳааш ба дасти тақдир ҳавола дода, партофта меравад. Пешниҳоди ба ватан равон кардани моро муҳоҷирзан рад кард, зеро дар Тоҷикистон ҷойи иқомат ва шахси наздик надорад. Мехост ягон ҷойи кор ёбему фарзандаш дар канораш бошад.Чун бо фарзанди хурдсол кор ёфтан хеле мушкил аст, мо ба ҳамватанони соҳибкор муроҷиат кардем, то ки ягон кори мувофиқтар бо ҷойи хобу шароити нигоҳубини кӯдак дошта бошад.

Ба дархости мо яке аз ҳамватанони соҳибкорамон Муҳиддин ном як ҷавонмард аз шаҳри Бохтар посух дода, изҳори кӯмак кард. Муҳиддин бо ҳамсараш ба Умеда ва духтарчаашро бо сару либоси нав, ғизо ва ҷойи хоб таъмин карданд. Муҳиддин дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки масъалаи ҷойи кори муҳоҷирзанро низ ба наздикӣ ҳал хоҳад кард. Ба корхонааш барои коргарон ошпаз лозим будааст. Баъди аз таъмир баровардани ошхона Умеда ба кор шурӯъ менамояд. Аҳсан ба ҳамватанони саховатпеша, ки қалби бузург доранду дасти хайру сахои худро ба эҳтиёҷмандон дароз мекунанд.

Ба бонувони муҳоҷирамон, дар навбати худ, бори дигар муроҷиат карда гуфтанием, ки қабл аз издивоҷ ва муносибат бо мардони бемасъулият, андеша кунанд, оё ҳаваси ишқу муҳаббат ба як қатра оби дидаи фарзанд ва саргардонии тифли бегуноҳ меарзад ё на?!

                                            Намояндагии Вазорати, меҳнат муҳоҷират

                   ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо