Ба модарам

[:tj]

Ба модарам

Модарам, нури сафои хонадони ман туӣ,

То ҷаҳон бошад, ҷаҳони ҷовидони ман туӣ.

Рӯзгори нобасомон дарду ғам орад ба бор,

Қувваи дармону зӯри бозувони ман туӣ.

Мебарам номи туро то қуллаҳо чун тоҷи сар,

Дар талоши зиндагиям пуштибони ман туӣ.

Мебари дасти дуо пеши Худо бо сад умед,

Пурситора дар фазо он осмони ман туӣ.

Қоматат хам гаштаву гашт рангу рӯят заъфарон,

Қомати раъною ҳам сарви равони ман туӣ!

Бесабрат хоҳад ки то асри дигар бошем ба ҳам,

Ифтихорам, модарам, боми ҷаҳони ман туӣ.

                                                             Элмуроди Турсун (Бесабр)

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо