Ба муроҷиаткунандагон тавсияҳо дода мешавад

[:tj]Дар ҳафтаи сипаригашта ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират шумораи зиёди шаҳрвандон барои гирифтани маълумот оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонунгузории давлати будубош Федератсияи Россия муроҷиат намуданд.

Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷи кишвар душвор мегардонад, ин надонистани қонунҳои амалкунанда ва ба қадри кофӣ надонистани забони давлати қабулкунанда  мебошад.

Дар суҳбат бо шаҳрвандон маълумот дар бораи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, буду боши онҳо дар ин кишвар, гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ, патент, суғуртаи тиббӣ, қайди муваққатӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Инчунин ба муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои хавфноки сирояткунанда, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати бехатар ва дигар мушкилоти муҳоҷирон гуфта мешавад.

Бисёр саволҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон ба миён меояд, оё онҳо иҷозати рафтан ба Федератсияи Россия доранд ё не?

Аз тарафи кормандони масъули Раёсат ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, китобчаҳо ва буклетҳо оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия ба таври ройгон тақдим мегардад.

Инчунин дар қабули шаҳрвандони кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, дар суҳбат бо сокинони ҷумҳурӣ оиди забономўзӣ ва касбомўзии муҳоҷирон суханронӣ намуданд. Шахсоне, ки майли омўхтани забони русӣ ва касби коргариро доранд, барои омўзиш дар муассисаҳои таълимии МД «Маркази калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ тавсияҳо дода мешавад.

                                                                                                         Анвар Юсупов

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо