[:tj]Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарўза дар синфхонаи алоҳида бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ вохўриҳо баргузор менамоянд.
Ин дафъа сармутахассиси Раёсат Фирдавс Бозоров вохўриро баргузор намуда, зимни суханронии хеш роҷеъ ба тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани патент, муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтуомадашон ба қаламрави кишвари Россия манъ гардидаасту хоҳиши дар ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои пойтахт кор карданро доранд, бо мақсади дарёфти ҷойи кору муроҷиат ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавсияҳо дод. Дар рафти вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба қаламрави давлати Россия манъ мебошад, гуфт, ки аз ҳаргуна маслиҳатҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд, ному насабашонро иваз нанамоянд ва барои худ хатари нав эҷод накунанд. Зеро дар ҳолати боздошт шудан ин шахсон аз ҷониби мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия мутобиқи қисми 2 модаи 322 Кодекси ҷиноятии ин давлат ба муҳлати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд.
Дар вохўрӣ аз ҷониби шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи чи тавр ба даст овардани Сертификати забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия саволҳо ироа шуд, ки ба ҳар яки онҳо Фирдавс Бозоров ҷавобҳои мушаххас манзур намуд.
Ҳамзамон зимни вохўрӣ бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ иброз намуданд, ки нияти барои кор ба Федератсияи Россия рафтанро доранд, дар мадди назари аввал кадом корҳоро анҷом диҳанд?
Фирдавс Бозоров посух дод, пеш аз сафар ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд огоҳ бошад, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент муҳлати 30 рўзи тақвимӣ муқаррар шудааст. Баъд аз гирифтани патент онҳо вазифадоранд, дар вақташ маблағи патентро супорида, фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.
Анвар Юсупов
[:]