Бозгашт ба ватан

Агар мақсади будубоши Шумо дар Россия дигар бошад (на таҳсил ва на кор), муҳлати будубоши Шумо наметавонад аз 90 рӯз дар давоми 180 рӯз бештар бошад.

То ба анҷом расидани 90 рӯз Шумо бояд сарҳади Россияро тарк намоед, дар мавриди дигар Шумо ба ҷавобгарӣ ҷиҳати қонунвайронкунии будубош дар Федератсияи Россия, ҳамзамон хориҷ кардани маъмурӣ ва ё депортатсия ба мӯхлати аз 3 то 5 сол кашида мешавад.

Дар хотир доред:

Барои ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатии Федератсияи Россия, аз ҷумла надоштани шиносномаи хориҷӣ, инчунин нисбати Шумо маҳдудияти қабулгашта ба ҳуқуқи воридшавӣ ба Федератсияи Россия, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Барои бақайдгирии қалбакӣ дар ҷои зист ва ё бақайдгирии қалбакии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Қасдан харидории ҳуҷҷатҳои қалбакии иҷозатдиҳӣ, ба ҷавобгарии ҷиноӣ оварда мерасонад (м. 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия).

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед:

         Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ 121 телефони боварӣ 225-07-19.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдакӣ 37, тел:221-08-34;

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 120, телефон 8-3422-6-51-99;

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, хиёбони Ваҳдат 53, телефон 8-3222-2-38-08, 8-3222-2-364-1, 8-3222-2-76-81;

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин 36, телефон 8-3522-2-29-76;

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, индекс: 125047, ш. Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-ямская 40/3, стр.1. тел/факс: (+992) 44640-19-51, (495) 967-98-44, 8-925-880-80-38, 9-906-724-242, 9-926-255-09-27.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россияро риоя намоед.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо