Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт…

[:tj]Аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби рўзгори сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон якеаш норасоии ҷойи кор мебошад. Бояд гуфт, ки мушкилоти мазкур дар аксари кишварҳои пасошўравӣ, аз ҷумла ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба назар мерасад ва сабаба ҳамасола ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани як қисми муайяни сокинон мегардад. Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакати мо ҳамвора ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорию муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бо шуғл ва касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида, иқдомоти гуногунро рўи кор меорад. Чунончи, дар радифи таъсис додани корхонаҳои нав, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, таъсиси марказҳои касбу ҳунаромўзӣ ва ба роҳ мондани меҳнати хонагӣ маҳз бо ҳамин мақсад буданд. Падидаи ҷолиб он аст, ки ба ин масъалаи ҳаётан муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунгузори кишвар низ таъкид карданд, ки: «Мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем».

Дар робита ба ин, ба роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандўсту бонангу номус дастур дода шуд, ки барои ташкил кардани ҷойҳои нави кор  дар кишвар талош намоянд.

– Бо ин мақсад, – гуфтанд Пешвои муаззами миллат, – мо бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Тавре маълум аст, дар самти таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор, дар умум бо шуғл ва касбомўзонию шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо худашон ҷои нави кор ташкил карда натавонанд ҳам, мунтазам аз корхонаву ташкилотҳо ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озодро ба рўйхат мегиранд ва баъдан зимни муроҷиати шаҳрвандон ё тариқи ташкили ярмаркаҳо ба аҳли ҷомеа пешниҳод мекунанд.

Зимни мусоҳиба бо сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти солонаашон маълум гардид, ки бо мақсади мусоидат ба дарёфти ҷойи кори муносиб барои шаҳрвандон соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 258 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар рафти онҳо 225 нафар корҷўён соҳиби ҷойи кор гардиданд. Ҳамчунин ба 1876 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 342 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Дар умум, тавассути ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод 4443 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўй ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон коҳиш ёфтани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2019 ва қариб 60 фоиз кам шудани шумораи онҳоро зикр намуда, баён доштанд, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад. Аз рўи натиҷаҳои марҳилаи дуюми пурсиши сартасарии ҳавлиҳо, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шуд, дар муқоиса бо соли 2018 коҳишёбии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2019 равшан ба чашм мерасад.

Соли сипаригаштаи 2019 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 20163 нафар корҷўён бо кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки 190,9 фоизи нишондиҳандаи Барномаи солонаро ташкил медиҳад, ё ин ки нисбат ба соли 2018-ум 3539 нафар зиёд мебошад. Дар ин радиф 1641 нафар эҳтиёҷмандон тариқи квота бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд ва нишондиҳандаи мазкур баробари 189,7 фоизи нақшаи Барномаи солона аст. Илова бар ин, тибқи шартномаҳои тарафайн бо корфармоён давоми соли 2019 1260 нафар бекорони дар қайди мақомоти шуғлбуда ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд.  Иҷрои нақшаи Барномаи солона дар самти мазкур 100 фоиз таъмин шуд.

Дар ин сол ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 435 нафар муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта, берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави кишвари қабулкунанда муваққатан манъгардида муроҷиат намудаанд, ки аз ин теъдод 377 нафарашон мард ва 58 нафарашон зан мебошанд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 131 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 82 нафар ба тайёрии касбӣ, 29 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 51 нафар қарзи имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дода шудааст.

Ҳамзамон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 1489 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат карда, 1446 нафарашон ба қайд гирифта шудаанд ва аз ҷумлаи ба қайд гирифташудагон 927 нафарашон шаҳрвандоне мебошанд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба озодӣ баромадаанд. Аз ҷумлаи онҳо 156 нафар бо ҷойи кор таъмин, 10 нафар бо касбомўзонӣ фаро гирифта, ба 1124 нафарашон кўмакпулӣ барои бекорӣ таъин шудааст.

Аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои вилоят дар моҳи декабри соли 2019 ба сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3571 адад ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаҳои саноат – 890 , кишоварзӣ – 206, нақлиёт ва алоқа – 62, сохтмон – 230,  савдо ва  хизматрасонии маишӣ – 230, хоҷагии манзилию коммуналӣ – 319, тандурустӣ – 560, маориф ва фарҳанг – 351 ва дигар соҳаҳо – 723 ҷой. Бо ибораи дигар, бештар аз 3,5 ҳазор ҷойи кори холӣ ва вазифаи озод интизори корҷўяндагон ва бекорон мебошанд.

Аз рақамҳои болоӣ маълум мешавад, ки новобаста ба баъзе маҳдудиятҳо, шахсони хоҳишманд метавонанд дар дохили кишвар ҳам ба худ ҷойи кор пайдо намоянд. Вале на ҳама бекорону корҷўяндагон аз ин гуна имкониятҳо босамар истифода мебаранд. Ба гуфти мардум, ҳоло кам нестанд нафароне, ки “пули камро назарашон намегирад”. Мусаллам аст, ки музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми кор аст. Дар ягон давру замон маоши фаррош ё посбон бо маоши нақбкану лётчик баробар набуд ва намешавад. Бисёрии онҳое, ки қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта буданду ба қавли худашон “пули калонро дидаанд”, музди меҳнати кор ё вазифаи озоди пешниҳодшавандаро пул намешуморанд. Бекор гаштану хору зор шуданро аз меҳнати ҳалол бартар меҳисобанд. Аммо ин гуна рафтору амал ба инсони оқилу дурандеш хос нест ва набояд хос бошад.

Ҳамагон шоҳидем, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендияву кўмакпулиҳо баланд бардошта мешавад. Аз ҷумла, тибқи нақша аз моҳи сентябри соли равон ҳам чунин иқдоми шоистаю ватандўстона роҳандозӣ мегардад. Истифода набурдан аз имконияту шароитҳои мавҷуда ҳам ношукрӣ аст ва ба гуфти шоир:

                           Шукр гўӣ, неъматат афзун шавад

                           В – ар нагўӣ, аз кафат берун равад.

Агар гўем, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолӣ кушода шудани роҳи васеъ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дар иқтисодиёти кишвар  ҷойгоҳи махсус пайдо намудани бахши хусусӣ мебошад, хато нахоҳад буд. Чунончи, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки дар соли 2019 саҳми бахши хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 70 фоизро ташкил дод.

“Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем” таъкид карданд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар самти мазкур ҳам мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд. Чуноне ки сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ гуфт:

– Яке аз воситаҳо ва роҳҳои муҳими ташкил намудани ҷойҳои нави кор рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна мебошад. Бо ин мақсад давоми соли 2019 мувофиқи Низомномаи қоидаҳои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кўмаки молиявӣ ва Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилоят барои солҳои 2018 – 2019 ба 978 нафар шаҳрвандони бекори хоҳиши фаъолияти соҳибкоридошта ба маблағи 2 милону 980 ҳазору 140 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, ки ин нишондиҳанда баробари 109 фоизи нақшаи Барномаи солона мебошад.

Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  таъину пардохти кўмакпулӣ ба шаҳрвандони бекор мебошад. Соли гузашта тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба 3017 нафар шаҳрвандон ба маблағи 1 милону 430 ҳазору 122 сомонӣ кўмакпулӣ дода шуд. Ҳисоби миёнаи кўмакпулиҳои пардохтгардида дар вилояти Суғд 474 сомониро ташкил медиҳад.

Чунин ғамхорию дастгириҳо низ дар навбати худ аҳли ҷомеаро бояд ба ташаббускорию ташкилотчигӣ таҳрик диҳанд.

Дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат масъулинро вазифадор карданд, ки дар давоми панҷ соли оянда шаҳрвандони касбу ҳунарнадоштаи аз 18-сола болои  кишварро ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Албатта, ин супориш бештар ба муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд.

Бино ба иттилои Шермуҳаммад Нодирӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат ва аз рўи таҳлилҳои ҷамъбастгардида соли 2019 дар миқёси вилояти Суғд 4226 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомўзö, аз ҷумла ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда 100 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад. Аз шумораи умумии касбомўзон 3413 нафарро занон ва 2394 нафарро  ҷавононони аз синни 15 то 29 – сола ташкил медиҳанд.

Дар умум иҷрои нақшаи солона таъмин гардида бошад ҳам, ба андешаи мо барои як вилояти бештар аз 2 миллион нафар, аҳолидошта ин рақам хеле кам аст. Ва ин дар ҳолест, ки зиёда аз 60 фоизи сокинони Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Давоми соли 2019, – баён дошт Шермуҳаммад Нодирӣ, – ҷиҳати таъмин намудани кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 44064 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 29715 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба  15793 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Шумораи бекорони дар қайдбуда дар ин давра 8940 нафарро ташкил дод.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Аз ҷумла, дар самти ташкили ҷойҳои нави кор. Мо болотар доир ба мавҷудияти зиёда аз 3,5 ҳазор ҷои холии кор ва вазифаҳои озод сухан ронда, поёнтар аз корҷўяндагону бекорони расмии дарқайдбуда ёдовар мешавем. Вобаста ба ин саволе ба миён меояд: Вақте ки шаҳрвандон хоҳиши меҳнат кадан надоранд, давлату Ҳукумат ва мақомоти давлатиро сиёҳ карданашон ба кадом хотир аст?

Инсон аз оғози офариниш то имрўз бахти воқеиро танҳо дар меҳнат ёфтааст ва минбаъд низ чунин хоҳад буд. Бо нишастану “кор нест” гуфтан ё корро ба серпулу кампул ҷудо кардан кас ба ҷое намерасад. Бояд бо буда қаноат намоему умед ба ояндаи накўтар бахшем. Тавре шоир таъкид менамояд:

Рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,

             Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт!

                                                                                         Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо