Бо усули «кӯча ба кӯча»

[:tj] 

Бо ибтикори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо КИ ҲХДТ бо усули «кӯча ба кӯча» бо сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд вохӯриҳо намуда, ба шаҳрвандон оид ба хуруҷи мавҷи дуюмбораи бемории сироятии «Коронавирус» дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон маълумот дода, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён эҳтиёткор буданро таъкид намуданд.

Дар ин рӯз байни сокинони шаҳри Хуҷанд 1 ҳазору 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, 700 адад маҳлулҳои антисепитикӣ, наздик ба 300 дона дастпӯшакҳои яккарата ройгон тақсим карда шуд.

Зимни суҳбатҳои муфид ба сокинони шаҳр зарурати ворид намудани тағъйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар вохӯриҳо ба шаҳрвандон бори дигар иттилоъ дода шуд, ки чоруми июли соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Ин чораҳои маҳдудкунанда дар бисёр давлатҳои Аврупо ва Осиё низ ҷорӣ шуданд ва мақсади ягонаашон ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад.

Албатта баргузор кардани чунин ҳамоишҳо ва тақсими ройгони ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ, доир кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд амали зарурӣ ва саривақтӣ буда,  дар пешгирии ин бемории сироятӣ таъсири мусбӣ мегузорад.

 

                                        МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз

                                         сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо