Бузургтарин неъмат ин Истиқлолият мебошад!

[:tj]Мо ҷавонони давраи соҳибистиқлол  ифтихор аз он мекунем, ки соҳиби чунин Ватани ободу зебо ҳастем, мо  бояд ба  қадри ин неъмати бузург ва бебаҳо бирасем ва шукрона аз он кунем, ки  дар Ватане зиндаги мекунем, ки сулҳу суббот дар инҷо ҳукумфармо мебошад. Мо набояд фаромуш созем, ки танҳо бо якдигарфаҳмию  дастаҷамъи  метавонем ин Ватани биҳишосоро ба қуллаҳои баланд бирасонем.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин сана барои мо тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.  Ҳамзамон бо ин, Рӯзи истиқлолият на танҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба Ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад.  Гузашта аз ин, истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст.

Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бебаҳо дар кишвари ҳамешабаҳори мо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарӯза вусъати тоза касб мекунанд.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии  сарвари  давлати  мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони  соҳибистиқлол  аз  зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои вазорат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳа ва маҳаллаҳо дар доираи ташкил ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ вобаста ба масъалаи муҳоҷират, тарғиби манфиатҳои Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон- муҳоҷирони меҳнатӣ ба созмону ташкилотҳои ифротӣ як зумра корҳоро ба анҷом расонид.

Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз  чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷират бо диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия, ҷиҳати дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тарғиби манфиатҳо ва дастовардҳои даврони истиқлол чораҳои зарурӣ меандешад.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани 27-умин солгарди Истиқилолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ дар Хадамоти муҳоҷират идома дорад.

Имрўз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Мо комилан бар онем, ки барои таҳкими давлатии он   аз ҳама беш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми хирадмандонаву оқилона гузоштааст, ба тантанаи ҳақиқии ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз мубаддал мегардад. Натиҷаи ҳамин саъю талоши пайваста аст, ки вазъи иқтисодиву  иҷтимоии мамлакатамон  сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати пешгирифтаашон торафт самараҳои нек медиҳад.

Имрўз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд.

Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.

Аз файзу баракат ва нерўи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тўлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштаем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рўз аз рўз вусъат бахшида истодаем.

Зеро истиқлолияти энергетикӣ барои кишвари мо ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва гузашта аз ин, масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб меравад.

Мо ҷавонон бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошем ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоем.

                                                                  Некрўз Абдуллоев

                                        сармутахассиси муносибатҳои байналмилалӣ,

                                                            робита бо ҷомеа ва ҳамватанони

                                                              бурунмарзӣ Хадамоти муҳоҷират

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо