Бурдани корҳи таблиғотӣ миёни сокинони маҳаллаҳои Зарҳалол, Ҳавзи морон ва Гули Сурх

[:tj] 

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд “Оид ба роҳандозии корҳои пешгирикунанда, иттилоотию  маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятии нави “Коронавирус” ҷиҳати пурзӯр намудани корҳо дар ин самт” аз ҷониби гурӯҳи кории шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан 27 августи соли ҷорӣ дар миёни сокинони маҳаллаҳои Зарҳалол, Ҳавзи морон ва Гули Сурх оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар рафти мулоқот мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Диловар Рауфов низ суханронӣ карда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки аз ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ  ба таври ҷиддӣ истифода намуда, нисбати саломатӣ ва гигиенаи шахсӣ бетарафӣ зоҳир накунанд.

 

                                                                Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                   дар шаҳри Истаравшан                                                                   [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо