Бурдани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

         Тибқи иҷрои супориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва тибқи супориши Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсиси ситод корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамот, шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.

         Мақсад аз баргузории гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ин сода ва оммафаҳм маълумот пешниҳод намудан ба сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъӣ ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемия COVID-19» мебошад.

         Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҷоннок намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва раёсат, шуъба ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ситод таъсис дода шуд.

         Ситоди дастгоҳи марказии Хадамот аз се гурӯҳи корӣ иборат буда, аз 19 апрели соли равон кори худро оғоз намуда, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд.

         21 апрели соли ҷорӣ корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир гардид, ки дар ҷараёни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия расонида шуд. Ба ҳозирин маводҳои иттилоотӣ расонида шуд.

         Чунин як вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Зимни мулоқот бо шаҳрвандон дар масҷиду  бозор ва дигар маконҳои аҳолинишин бо ҷалби беш аз 500 нафар сокинон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия  доир гардид.

         Бояд гуфт, ки дар доираи сафари хизматӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ маводҳои иттилоотӣ низ дасрас гардид.

         Худи ҳамон рӯз гурӯҳи корӣ дар ҷамоату деҳоти шаҳри Роғун корҳои иттилоотиву – фаҳмондадиҳиро бо ҷалби доираи васеи шаҳрвандон барпо намуданд.

         Дар ҷараёни корҳои иттиллоотӣ як масъала дида шуд, ин қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари Россия муфассал ба сокинони деҳаи Қалъаи нави Ҷамоати деҳоти Қади об ва Ҷамоати Оби гарм расонида шуд. Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳи корӣ маводҳои иттилоотӣ ба сокинон тақсим гардид.

         Дар идомаи корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, 22 апрел гурӯҳи кории Хадамот ба ноҳияи Варзоб сафарбар гардида, дар қасри фарҳанги маркази ноҳия бо ҷалби намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои мулоқоти судманд баргузор намуд.

         Дар ҷамъомади мазкур сардори ситоди Хадамоти муҳоҷират, муовини раиси ноҳияи Варзоб, мудири бахши Хадамот дар ноҳия, раисони ҷамоату деҳот ва шумораи васеъи аҳолӣ ҳузур доштанд. Дар ҷарайёни баргузории ҷамъомад масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ба самъи ҳозирин расонида шуд.

         Дар фарҷом ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои ҳозирон ҷавобҳои мушаххас доданд.

         Дар ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо бахши кумитаи ҷавонони ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Сомониён, бозору хиёбонҳои марказӣ бо ҷалби доираи васеъи аҳолӣ корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва аксияҳои тарғиботву ташвиқотӣ доир ба масъалаи ба расмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.

         Дар шаҳри Ваҳдат бошад гурӯҳи корӣ бо ҷалби зиёда аз 700 нафар сокинони шаҳр дар масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар Қасри фарҳанги шаҳр суҳбату мулоқотҳои судманд барпо намуда, бо шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатиро дар Федератсияи Россия шарҳу эзоҳ доданд.

         Вохӯриҳои навбатӣ дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотиро дар 4 ҷамоати деҳот, масҷиди ҷомеъ ва бозорҳо барпо намуданд. Дар рафти суҳбату вохӯриҳо маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақсим гардида, аз тарафи гурӯҳи корӣ масъалаи барасмиятдарории муҳоҷирон фаҳмонида шуд.

         Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи корӣ корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро дар ноҳияи Тоҷикобод низ идома дода, дар маконҳои таҷамӯи одамон ба монанди бозорҳо, масҷидҳо ва ҷамоатҳои ноҳия вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор карда, дар байни аҳолӣ маводҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

         Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бошад, аз ҷониби гурӯҳи кории бахши Хадамоти муҳоҷират дар бозору кӯчаҳои шаҳри Бохтар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баргузор намуд.

         Сипас гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд амал намуда, дар шаҳри Бӯстон дар ҶДММ «Бозори Сомон» бо ҷалби бештар аз 180 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.

         Корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Гулистон бо ҷалби 70 нафар ва дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби 170 нафар доир гардид, ки дар рафти вохӯриҳо масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари Россия фаҳмонида шуд ва дар байни аҳолӣ маводҳои иттилоотӣ тақсим гардид.

         Ёдовар мешавем, ки бо фармони Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ситод таъсис гардид, ки он дар доираи гурӯҳҳои корӣ амал менамояд. Ситоди мазкур 19 апрели соли равон кори худро оғоз намуда, гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.

         Бояд қайд кард, ки аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират маводҳои иттиллоотӣ ва суратгузориш аз ҷараёни корҳои иттилоотиву – фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фейсбук низ ҷой дода шуд.

         То 22 апрели соли равон гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират бо наздики 16 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ вохӯриву мулоқотҳо барпо намуданд.

           Корҳои иттиллоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо