Вазъи иҷтимоию иқтисодии имрўзаи  муҳоҷирати меҳнатӣ

[:tj]Дар марҳилаи кунунии ҷаҳони муҳосир муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун раванди табиӣ, ки дар рушд ва пайванду густариши  тамаддунҳо,   бо ҳам наздикшавии миллатҳо нақши арзандае дорад. Дар ҷаҳони  муосири имрўза зиёда аз 200 миллион нафар  одамон дар  муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аз ҷумҳурии мо беш аз 500 ҳазор нафар дар давлатҳои хориҷа, алалхусус дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва  ғайра дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Муҳоҷирони тоҷик аксарияташон дар кишварҳои бегона   ифодакунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда, бо меҳнатдўстию тааммулпазириашон соҳиби обрўю эътибори хеш гардидаанд. Боз  ҳастанд муҳоҷирони меҳнатие, ки бо иллати надонистани забон,  қонунҳои  марбутаи  ин кишвар,  ҳуқуқу манфиатҳои  хеш боиси хориву зорӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо мегардад.

Ҳар  як фарди тоҷике,  ки  дар  муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд,  бояд ба хуби дарк намоянд, ки вай намояндаи  миллатест, ки ба ҷаҳони  муосир Фирдавсию,  Рудакӣ, Синою,  Мавлавӣ  ва  дигар  бузургонро  ато намудааст. Муҳоҷирон дар баробари манфиатҳои иқтисодӣ, ҷаҳонбинии хешро ғаниву бой гардонида, бо забон, фарҳанг ва таъриху  тамаддуни халқҳои дигар ошноӣ пайдо мекунанд.

Аслан, набояд муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун  як  падидаи номатлуби  иҷтимоӣ арзёби гардад. Миллати тоҷик, ки аз лиҳози тамаддун дар  ҷаҳони муосир мақому манзалати воло дорад, бояд  ҳаргиз ин рисолати  таърихии худро аз даст надиҳад.

                                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                   дар шаҳри Душанбе

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо