Ваҳдати миллӣ ва андешаи миллӣ

[:tj]Миллати пурифтихор ва шарифи тоҷик   аз руйдоди   таърихӣ ва барои  ҷомеаи тоҷикон  падидаи  тақдирсози хеш, яъне ба имзо  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро  дар руҳияи баланди  худшиносӣ таҷлил менамояд.                                                                                                                    Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз «Рўйи  кор омадани ин санади таърихӣ  ва барқарор шудани  сулҳу оштии миллӣ мамлакати мо воқеан ба давраи нави тараққиёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ворид гардид. Ҳар гоҳе ки ин  давраи  ҳанўз  кўтоҳ пеши  назар  меорам,  он бори гарони  масъулиятро, ки  тарафҳои муқобил дар души  худ доштанд, пурра эҳсос менамоям. Маҳз ҳамин ҳисси масъулият барои имрўзу фардои Ватан ва миллат имкон дод, ки баъд аз низоъ ва мухолифати тулонӣ мо роҳи  ҳамдигарфаҳмӣ ва созандандагиро  пеш гирем».                                                                                                              Воқеан ҳам  ин  фарзанди фарзонаи миллат «дар баҳои азобу машаққат ва нокомиҳои солҳои нооромӣ» дарк  намуд, ки  бидуни сулҳу субот, ризояти миллӣ ва ваҳдату як порчагии тамоми қишрҳои ҷомеа натавон халқи ранҷидаи тоҷикро аз гирдоби  офатҳо наҷот дода,  аз истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои волои он дифоъ  намуд. Болотар  аз ин таъмини амнияти миллӣ ва наҷоти он аз парокандагӣ, ки дар асари ҷанги таҳмилӣ ба вуҷуд омад, бе паймони дўстии тоҷикистониён ғайриимкон буд. Зеро дасти низоъталабон дар такя бар сиёсати бархурди  тамаддунҳо дар аввали солҳои 90-уми  қарни  гузашта ба сари миллати тоҷик  ҷанги  шаҳвандиро таҳким кард, ки он бояд ҳамчун давоми низои Афғонистон аз тариқи кишвари азизи мо, аз як тараф ба Чину Ҳинду Покистон ва аз тарафи дигар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, ва Русия доман афрухта ва сироят мекард. Миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳиби тамаддун ва фарҳанги бой таҳти сарварии пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари худро аз вартаи нобуди берун кашид, ки мо ба ин зиндагии шоиста мушарраф шудем.              Вазифаи имрўзаи мо ин таҳкин бахшидани сулҳу салоҳ, ваҳдати комили миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шароиту вазъияти кунунии ҷаҳон, ки оламро таҳаввулоти азим домангир шудааст, лозим ва зарур аст, ки кишвари худро аз ҳама гуна офатҳо нигаҳбон бошем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем,

                                                                                Бахши Хадамоти  муҳоҷират                                                                                                  дар ш. Хоруғ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо