Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти Тоҷикистон

[:tj] 

Дар ҳақиқат ҳам ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо сабаби таъсири омилҳои зиёди берунию дохилӣ хеле осебпазиранд, роҳи ягонаи таъмини истиқлолияти комили давлатӣ, устувору бебозгаштсозии он дар тамоми соҳаҳо ва василаи муҳимтарини дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ мебошад. Танҳо ваҳдати миллӣ имрўз метавонад, ки умеду орзуи моро барои ояндаи шукуфони давлату миллат тақвият бахшад.

Дар тўли 5 соли идомаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ шумораи зиёди одамон ба ҳалокат расиданд. Манзилҳои зиёди истиқоматӣ вайрону валангор, шумораи беши кўдакону наврасон аз падару модар маҳруму ятим монданд.

Панҷаи касофату наҳсбори ҷанг рўзгори мардумро берангу бў гардонидаву касе ба ояндаи кишвар ва зиндагии хушу осоишта умеду боварие надошт.

Хушбахтона, бо василаи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мансаби Раиси ин мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамзамон ба вазифаи Сарвари давлат интихоб гардидани вакили серғайрату ҷавон  Эмомалӣ Раҳмон фазои сиёсии кишвар ба тамом дигаргун гашт.

Ин марди ватандўсту халқпарвар дар лаҳзаҳои нахустини зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтан ҳамчун қавли ҷавонмардонаи хеш ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намудаву изҳор доштанд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам».

Воқеан ў ба қавли додааш ҳамчун ҷавонмарди ҳақиқӣ вафо кард. Бо ҷасорату мардонагӣ, ба хотири аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат борҳо ҷони хешро дар хатар гузоштаву баҳри истиқрори сулҳи тоҷикон бе ҳарос ба нуқтаҳои даргир сафар намуд.

Мардуми тоҷик баъд аз ин бо боварии том эҳсос намуд, ки Роҳбари соҳибхирадашон аз рўзи аввали ба маснади сарварӣ интихоб шуданаш баҳри пойдории сулҳу амонии кишвар сина сипар кард, ҳамчун меъмори кордону асил ваҳдати миллиамонро поягузорӣ намуд. Таърихи давлатдории ҷаҳонӣ роҳбареро бо ин гуна сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсӣ ёд надорад.

Агарчӣ ба ватан бозгардонидани гурезаю муҳоҷирони тоҷикро, ки тибқи баъзе маълумотҳо иддае аз онҳо сабақомўзи мактабҳои сиёсии харобкоронаи миллату давлатамон буданд,  ба Пешвои миллат хатарнок арзёбӣ менамуданд, вале ў аз ҳадафи пешгирифтааш даст накашид. Онҳоро ба хотири пойдорӣ ва шаъну эътибори давлату миллат пурра ба Ватан бозгардонида, бо ин васила дар қалби хурду  калон маъво гирифт, соҳибэҳтироми хосу ом гардид.  Бо  камоли хиради азалии хеш таҳаммулпазирии бемислро як рукни муҳими давлатсозиву давлатдории худ қарор додаву  дар ин ҷода комёб ва маъруф гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Пешвои миллат дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рамз ва мактаби бузурги сулҳу ваҳдатофарӣ ва некхоҳиву накўкориро бунёд гузошт.

Агарчӣ ҷаҳониён то садаи XXI халқу миллати тоҷикро бо фарҳанги пурғановаташ бо шахсиятҳои бузургу нобиғааш, ба мисли Абўабдуллоҳи Рўдакию Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайёму  Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизматҳои арзишманд намудаанд,  мешинохтанду арҷгузорӣ менамуданд, дар асри нав  аз миёни фарзандони тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шахсияте ворид гардид, ки таҷрибаи сулҳофарии нодираш дар олам шоистаи таҳсин ва омўзиш қарор гирифтааст.

Имрўз дар саросари кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҷлили бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагиҳои бузург ҷараён доранд. Мардум хуб дарк намудаанд, ки Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши истиқлолият асту бо ҳифзи ин ду дастоварди беназир ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд гашт.

                                                               Мардонзода Салмон

                                     сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ,

                                              робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ         

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо