Ваҳдати миллӣ — омили сарҷамъӣ, сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон

Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.Ҳамоишро Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ифтитоҳ намуда, доир ба нақш ва аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат ибрози назар кард.

Мавсуф ваҳдати миллиро волотарин арзиши миллати тоҷик арзёбӣ намуда, зикр кард, ки маҳз ваҳдат омили сарҷамъӣ ва шодиву нишоти мардум ва шукуфоии диёр аст.

Мафҳуми ваҳдати миллӣ чун ибораҳои ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин баён гардид. Каримзода Тоҳир ваҳдати миллиро беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии миллат арзёбӣ намуда, иштирокдоронро ба таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ даъват намуд.

Ҳамзамон қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талқин месозанд, ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Боиси хушнудӣ ва бахти миллати тоҷик аст, ки пас аз талошу қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳамчун ҳадя овард.

Дар фарҷоми ҳамоиш Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир барои иштироккунандагон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои неку созанда ва ҳифз намудани ваҳдати миллӣ барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо