Ваҳдат-беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, орзуву армони ҳар як миллат ва таҳкими давлат дар ҳар давру замон аст.
Дар санаи 27 июни соли 1997 ба таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун иди фархунда, амсоли сулҳ, ҳам дигарфаҳмӣ ва осоиши мардуми кишвар ворид гашта, боиси эҳёи маънавиёту иқтисодиёти кишвар гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро эҳсосоти бузурге аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд қайд кард, ки амри Сарвари давлатамон дар бораи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳаммияти муҳими иқтисодию сиёсӣ дорад, зеро ин тадбири басо судманд ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ мусоидат мекунад. Бо итминон метавон гуфт, ки танҳо бо худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ваҳдат, якдигар фаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Бале, барҳақ Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро бо тафаккури ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлоли давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумӯи кишвар дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт заминаи мусоид фароҳам меорад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт вусъат пайдо мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумоти СММ Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои пешрафта рушду нумӯ карда ба дастовадҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули минбаъдаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои онҳо тамоми шароитҳои мусоидро муҳайё намудааст.
Сохтмони НБО Роғун, кушодашавии нақбҳо ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, сару либос, ташаккули истеҳсолоти дохили кишвар, барқарорсозии робитаҳои дипломативу хориҷӣ бо кишварҳои ҷаҳон имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини биҳиштосо тараққӣ намояд.
Тамоми дастовардҳои имрӯзаи кишвар маҳз бо шарофати қадамҳои устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти моддиву маънавии халқ мебошад.
Хулоса, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё намояд.
Хуҷаназар Акбаров
корманди масъули бахши робита бо ҷомеа